Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Эрон аз Ироқ


Имруз Эрон аз Ироқ дархост кард, ки панҷ нафар эрониёнеро, ки нируҳои амрикоӣ дар Ироқ боздошт кардаанд, аз зиндон раҳо кунад. Эрон гуфтааст, бояд ба қонуншиканиҳои Амрико дар Ироқи ҷангзада хотима дод. Бино ба иттилоъи хабаргузории ИРНО, Манучеҳри Муттакӣ--вазири хориҷаи Эрон ин нуктаро дар як суҳбати телефонӣ ба Ҳушёр Зебарӣ-вазири хориҷаи Ироқ изҳор доштааст. 11-уми январ шаш эронӣ дар ҷараёни амалиёти нируҳои Амрикоӣ дар шаҳри Арбили Ироқ боздошт шуданд. Як нафари онҳо ба зудӣ озод шуд.


Қабл аз оғози боздидаш аз Ховари Миёна Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико ба рузномаи "Нию Йорк Таймс" гуфт, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, то ба шабакаи эрониён дар Ироқ расидагӣ сурат бигирад. Хонум Райс аз номи мақомоти мутталеъи кишвараш гуфт, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки бисёре аз бамҳое, ки дар Ироқ бар зидди нируҳои амрикоӣ истифода мешаванд, сохти Эрон будааст.

Дар ҷараёни яке аз амалиёти зидди шабакаи ирониён ҳафтаи ҷорӣ нируҳои амрикоӣ дар шаҳри Арбил-воқеъ дар шимоли Ироқ панҷ эрониро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG