Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико нақшаи ҳамла ба Эрону Сурия надорад


Қабл аз оғози боздидаш аз Ховари Миёна вазири хориҷаи Амрико ба рузномаи "Нию Йорк Таймс" гуфт, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, ки ба шабакаи эрониён дар Ироқ расидагӣ сурат бигирад. Хонум Райс аз номи мақомоти мутталеъи кишвараш гуфт, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки бисёре аз бамҳое, ки дар Ироқ бар зидди нируҳои амрикоӣ истифода мешаванд, сохти Ирон будааст.

Дар ҷараёни яке аз амалиёти зидди шабакаи ирониён ҳафтаи ҷорӣ нируҳои амрикоӣ дар шаҳри Арбил-воқеъ дар шимоли Ироқ панҷ ирониро боздошт карданд. Мақомоти Эрон мегуянд, бино ба баъзе маълумот эрониён дар Ироқ аз тундравҳо ҳимоят мекардаанд. Баъд аз оғози ин амалиёт таниш миёни Вошингтону Теҳрон шиддат ёфт ва Тонӣ Сноу-сухангуи Кохи Сафед маҷбур шуд тавассути матбуъот сару садоҳоро дар ин бора, ки гуё Амрико бар зидди Эрону Сурия амалиёти низомӣ оғоз мекунад, рад кард.

"Ман мехоҳам дар бораи ҳар гуна сару садоҳо суҳбат кунам. Сару садоҳое дар гардиш аст ва он аз номи раиси ҷумҳур пахш мешавад, ки гуё вай дар паёми шоми чаҳоршанбеи худ ба он ишора кардааст. Ҳангоми суҳбат дар бораи Сурия ва Эрон гуё раиси ҷумҳур гуфтааст, ки омодагӣ ба ҷанг бар зидди яке аз ин кишварҳо идома дорад. Аслан чунин нест".

Буш зимни суханронии худ гуфта буд, ҳар шабакае, ки аз Ирон ё Сурия тундравҳои Ироқиро бо аслиҳа таъмин мекунанд, аз байн бурда хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Манучеҳри Муттакӣ-вазири хориҷаи Ирон дар як суҳбати телефонӣ бо Ҳушёр Зебарӣ-вазири хориҷаи Ироқ аз ҷониби Ироқ хост, ки панҷ нафар эронии тавассути нируҳои амрикоӣ боздоштшуда дар Ироқро раҳо кунад. Масъалаи Эрону Ироқ яке аз масъалаҳои муҳими гуфтугуҳо ва дидорҳои Кондолиза Райс дар Ховари Миёна хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG