Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба Эрону Сурия ҳамла карданӣ нест


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида овозаҳо дар бораи омодагиҳо ба амалиёти низомӣ алайҳи Эрон ва Сурияро рад карданд. Сару садоҳо дар ин маврид баъди он пайдо шуданд, ки Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба ин ду кишвари ҳамсояи Ироқ ҳушдор дод то аз пуштибонии ошубгарони ироқӣ даст бардоранд. Имрӯз Тони Сноу, сухангӯи Кохи Сафед гуфт:


Ман мехоҳам таваҷҷуҳро ба овозаҳое ҷабл кунам, ки баъди паёми раисиҷумҳур ба мардум дар шаби чаҳоршанбе паҳн шудаанд. Гӯё ҳангоми суханронӣ дар бораи Эрону Сурия ӯ роҳро барои ҷанг бо ҳар кишвар ҳамвор мекард ва гӯё омодагиҳо ба ҷанг дар марҳалаи татбиқ қарор доранд. Ин тавр нест.


Дар ҳамин ҳол Ҷорҷ Буш изҳор кард, ки бо вуҷуди мухолифати Конгресс барномаи ба Ироқ фиристодани неруҳои низомии иловагиро татбиқ хоҳад кард. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS, ки рӯзи якшанбе 14 январ пахш хоҳад шуд, Ҷорҷ Буш изҳор намуд, ӯ ҳамчун фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида ҳақ дорад неруҳоро бидуни пуштибонии Конгресс ба Ироқ фиристад. Ҳизби Демократ, ки дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида аксариятро ташкил додааст ва бархе аз қонунгузорон аз ҳизби ҷумҳурихоҳон стротегияи нави ҷанг дар Ироқро, ки аз сӯи Ҷорҷ Буш пешниҳод шуд, ҳадафи танқид қарор доданд. Тибқи ин барнома, барои хатми хушунат дар Ироқ ба ин кишвар боз ҳудуди 21 ҳазору 500 низомии амрикоӣ фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG