Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бекҳем "Реал"- ро тарк мекунад


Футболбози машҳур дар изҳороти худ навиштааст: "Ин ҳафта сарони "Реал" аз ман хостанд, посухи ниҳоии худро дар бобати пешниҳоди онҳо барои узвият дар даста то ду соли дигар ба онҳо маълум кунам. Пас аз баррасии ин пешниҳод бо аъзои хонаводаам ва омўзиши пешниҳодҳои дигар аз клубҳои Бритониё ва Урупо қарор кардам, аз моҳи август ба дастаи "Галакси"-и Лос Анҷелес шомил шавам. Ин як тасмимгирии сахте буд, вале аз пайомадҳои он ғусса намехўрам".

Бекҳем аз ҳазорон нафар мухлисони худ, сокинони Мадрид ва ҳамбозонаш дар "Реал" сипосгузорӣ кард ва гуфт, ниёз ба он дорад, ки як марҳалаи нави зиндагии худро оғоз кунад. Вай дар соли 2003 аз дастаи "Манчестер Юнайтед" ба "Реал" омада буд ва мегўяд, футболи Амрико дар ҳоли тағйир ва таъолисту ў ҳам ба синни муайяне расидааст ва намехоҳад, бигўянд, вай замоне ба футболи Амрико хоҳад пайваст, ки парвозаш ба поён расидаасту танҳо барои пул ин тасмимро мегирад.

Футболбози машҳур ҳамчунин гуфт, аз корномаи худ дар футбол қаноатманд аст ва аз он ки дар як майдон бо афроде чун Зайниддин Зидан, Роналдо ва Роберт Карлос бозидааст, ифтихор дорад, вале акнун саргузаштҳои наверо мехоҳад.
XS
SM
MD
LG