Пайвандҳои дастрасӣ

Кинг шудан оё осон аст?


Шӯҳрат Қудратов, раҳбари созмони ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократ дар сӯҳбат бо хабарнигори радиёи «Озодӣ» гуфт, ки аз хурдӣ бо нутқи маъруфи Мартин Лютер -- «Ман орзуе дорам...» ошност ва худ, ки ҳуқуқдон аст, мехоҳад, дар оянда аз манофеи ҳаммиллатони муҳоҷири худ дар Русия дифоъ кунад. Вай мегӯяд, вазъи имрӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик агарчӣ ба вазъи сиёҳпӯстони собиқи Амрико монандии кул надорад, аммо мешавад гуфт, ки ҳардуи онҳоро дар замонҳои гуногун «сиёҳ» ном кардаанд. Вай орзу дорад, ки Мартин Лютер Кинги тоҷик бошад.

Шӯҳрат Қудратов: «Вақте райисҷумҳури ИМА қонун қабул мекунад, ки сиёҳпӯстон ва сафедпӯстон бояд дар як мактаб таҳсил кунанд, ин нишонаи буд, ки заҳматҳои Мартин Лютер бесамар набудаанд. Бисёр мехоҳам, ки монанди Мартин одами ҷасоратманду озодихоҳ бошам ва аз ҳуқуқу озодиҳои ҳамватанони худ дар дохилу хориҷ ҳимоя кунам».

Аммо аксар ҳамсӯҳбатони ҷавонам, баробари шунидани суоли «Оё Мартин Лютерро мешиносед?» таассуф мехӯрданд, ки дар китобҳои омӯзишии онҳо роҷеъ ба ҳаёт ва муборизаи ин марди озодихоҳ маълумоте мавҷуд нест. Муслиҳиддин Усмонов, як донишҷӯи бахши таърихи донишгоҳи миллӣ мегӯяд, ҳарчанд донандаи хуби таърих ва корномаи шахсиятҳои маъруф аст, дар бораи Мартин Лютер матлабе нахондааст: «Ростӣ, шахсиятҳои ҷаҳонӣ зиёданд, ки аксаран барои беҳбуд ёфтани вазъи ҳуқуқи инсон кор кардаанд. Аммо ман аз мавҷудияти чунин шахсият дарак надоштам. Аммо донистанашро зарур мешуморам».

Дар хиёбонҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ки мегаштам, ногаҳон бо як ҷавони африқоитабори амрикоӣ вохӯрдам. Аз ӯ пурсидам: оё дар бораи зиндагонии Мартин Лютер, ки дар гузашта аз ҳуқуқҳои вай барин сиёҳпӯстон дифоъ кардааст, чизе медонад? Ин ҷавон бо як эҳсос ҳарф мезад ва аз муборизи роҳи озодию баробарҳуқуқии африқоиёну амрикоиён будани Мартин ифтихор мекард. Ин ҷавони африқоӣ, ки худро таълимгирандаи Маркази варзишии «Динамо»-и Душанбе муаррифӣ кард, мегӯяд танҳо бо эҳтимоми Мартин Люттер онҳо имкон пайдо кардаанд, ки дар сохтори гуногуни давлатдории Амрико мақоме дошта бошанд: «Мартин Лютер асосгузори ҳаракати сулҳ миёни сиёҳпӯстҳо ва сафедпӯстҳо дар Амрико ва ҷавон маҳсуб мешавад. Озодии сиёҳпӯстон дар ҷомеаи Амрико орзуи ӯ буд, ки амалӣ шуд. Сиёҳпӯстон ба шарофати наҳзати ӯ ҳоло дар шохаҳои гуногуни ҳукуматдории ИМА ҳузур доранд. Мартин ҳамчун намояндаи сиёҳпӯстони Амрико барои онҳо дар ҷомеа имконияти баробар фароҳам овард. Ба ҳамин тартиб, ҳамасола дар саросари олам аз рӯзи таваллуди ӯ таҷлил ба амал меоварем».

Дар ҳамин ҳол, Беҳзоди Исомиддин, як ҷавони тоҷик аз созмони «Ҷавонони худшинос» гуфт, Тоҷикистон дар садсолаи ахир ба монанди Мартин Лютер пешвое надоштааст. Аз ин рӯ, мегӯяд вай, Мартинро бояд дӯст дошт ва аз корномаи ӯ сабақ гирифт. Мусалламан, ҷавоне нест, ки баробари шунидани порае аз қиссаи рӯзгори Мартин Лютер ақаллан орзуи Мартин Лютери сарзамини худ шуданро накунад. Аммо дар зиндагӣ Мартин Лютер Кинги воқеӣ шудан ё будан осон аст?
XS
SM
MD
LG