Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Амрико ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ


Ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи сарони ниҳодҳои иктишофӣ ва амниятии Амрико як хатари эҳтимолӣ ба худи Амрико шумурда шудааст. Ҳангоми баёнот ба Кумитаи Сенои Иёлоти Муттаҳида раиси ниҳоди муштараки амнияти Амрико, мудири Бюрои федероли пажӯҳишот ва раҳбарони дигар муассисаҳои амниятии Иёлоти Муттаҳида хатарҳои эҳтимолиеро баррасӣ карданд, ки мумкин аст, ба амният ва ояндаи Амрико таҳдид кунанд.


Дар як саф бо Усома бин Лодин ва шабакаи Ал-Қойида, созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон, талошҳои ҳастаии Эрон, Кореяи Шимолӣ ва давлатҳои дигар, вазъи феълӣ ва хушунатҳои байнимазҳабии Ироқ, тундгароии исломӣ дар Покистон ва пасмондаҳои Толибон инчунин ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон як хатаре ба амнияти Амрико унвон шуд.


Дар хулосаи гузоришҳо гуфта мешавад, "ҳукумати ин кишварҳо ба сурати куллӣ худкома буда, бар асари ин фасоду ришват густариш ёфтааст ва ҳамаи онҳо бо бӯҳрони раҳбарӣ рӯбарӯянд." Ҳамаи ин онҳоро ба шарикони шубҳаомези Амрико дар риштаи инержӣ ва ё ҷанги зидди терроризм табдил додааст.


Ахиран, Ҷон Негропонте, яке аз муаллифони асосии ин гузориш ба мақоми ноиби аввали вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG