Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозорнишинони тоҷики Русия: Тарс аз 15 январ


Барномаи давлатии аз бозорҳои Русия берун кардани фурӯшандагони бегона, пас аз 15 январи соли 2007 мӯҷиби нигаронии ҳазорон муҳоҷирони бозорнишин гардидааст. Ин дар ҳолест,ки миллионҳо муҳоҷири корӣ аз Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла бозорнишинон интизор доштанд, пас аз 15 январ дар Русия қонуни нави вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ фаъол мегардад ва тамоми муҳоҷирон то 6 моҳ иҷозати рафтуомади озод дар саросари Русияро пайдо мекунанд. Аммо нигаронӣ аз умедворӣ бештар мушоҳида мешавад, зеро иқдоми нав шумораи муҳоҷирони бекорро афзоиш медиҳад. Фурӯшандаи тоҷик Қурбоналӣ аз бозори Черкизи шаҳри Маскав аз бозорҳо берун андохтани муҳоҷиронро ба рӯфтани хазон ташбеҳ кард ва гуфт: "Ин бозор ҳамааш ғайриқонунист, оқибаташ чӣ мешавад, мо намедонем."

Қурбоналӣ ҳамчунин гуфт, тарси дигар ин аст, ки тоҷирон агар колои худро то моҳи апрел фурӯхта натавонанд, варшикаста мешаванд ва касе ҷуброни хисороти ононро замонат надодааст. Раҳматулло Мазориев, раиси созмони тоҷикони муқими вилояти Перм низ мегӯяд, ҷамоъаи бузурги тоҷирони тоҷик аз сарнавишти худ пас аз 15 январ нигаронанд. "Мардум чӣ фикр доранд, мардум мегӯянд, ки моро бадар мекунанд. Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, ки то 15 январ дар бозорҳо ва кори савдо 40 дар сад муҳоҷирон бошанд ва аз 1 апрел ҳеч муҳоҷир набошад. Барои ҳамин мардуми мо фикр мекунанд, ки моро бадар карда истодаанд, бе ягон далел."

Илҳомиддини Амриддин аз вилояти Маскав мегуяд, вай дар Русия қонунӣ зиндагӣ мекунад, вале акнун бояд ҳамчун муҳоҷир аз бозор ронда шавад. Ӯ аз мақомоти кишвари худ тақозо кард, ки ба бозгашти шоистаи мардуми тоҷик ба ватан мусоидат намоянд.

Ҳамзамон Қурбоналӣ аз бозори Черкизи Маскав бар он аст, ки ташдиди назорат ба бозор шояд қадами мусбат бошад, зеро дар бозорҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноию фасодкори таҳҷоиву омада, фаъол шудаанд ва худию бегона аз дасти онҳо ҷафо мекашанд. "Дар хобгоҳ муҳоҷирон 2000 рубл медиҳанд аз 500 то 1000 одам танготанг хоб мекунанд. Дар ҳамин бозор хокзанҳои худамон ҳастанд, ки истифодашон мебаранд ва корашон мефармоянд аз рӯи онҳо пул ба даст меоранд."

Дар ҳамин ҳол намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия Денис Солдатенко мегӯяд: "Мо кор надорем ба куҷо рафтани муҳоҷирони бозорнишин, пас аз 15 январ куҷо меравад. Бигузор ба бинокорӣ бираванд, бигузор бираванд хиёбонҳоро бирубанд ва мисли ин."

Лозим ба ёдоворист, ки бегонагон аз бозорҳои Русия бо дастури раёсати ҷумҳур ба манзури ҳифзи манофеъи фурӯшандагони бумӣ берун андохта мешаванд. Дар марҳалаи аввал- ибтидо аз 15 январ ҷои бегонаҳо дар бозор то 40 дар сад ва аз моҳи апрел 100% танг карда мешавад. Аввал дар бозорҳои хурокворӣ ва меваву сабзавот ва пас дар бозори коло ва маводи сохтмон. Дар бозори озуқа аслан мардуми қафқозитабор ва дар бозорҳои маводи бинокорӣ ва коло бештар мардуми осиёитабор кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG