Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳадияи мусофири тоҷик ба Русия


Як парандаи Тоҷикистон сокини шаҳри Челёбинск шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр намешавад, ба боғи вуҳуши шаҳри Челёбинск парандаи барои Русия нодир, бедонаи хушовоз тақдим кард. Вале бояд гуфт, ин як тӯҳфаи маҷбурӣ буд, зеро шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Қӯрғонтеппа ба Санкт-Петербург сафар мекард ва парандаро ба як дӯсташ ҳадия мебурд, барои ҳамсафари зиндаи худ асноди тиббӣ ва иҷозатномаи судур надошт. Бо машварати мақомоти фурудгоҳ, шаҳрванди Тоҷикистон барои раҳоӣ аз ҷазо ариза навишт, ки довталабона бедонаро ба Боғи ҳайвоноти шаҳр тӯҳфа кардааст. Шаҳрдории Челёбинск ва раҳбарони Боғи ҳайвоноти шаҳр барои ин ҳадияи ғайриинтизор ба шаҳрванди Тоҷикистон сипосгузорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG