Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои бастани маҳбаси Гуантанамо


Дар панҷумин солгарди таъсиси ин боздоштгоҳ Бан гуфт, монанди пешгузашти худ, Кофӣ Анон бовар дорад, ки ин маҳбас бояд баста шавад. Суханони Дабири кулли СММ дар ҳоле садо доданд, ки ҳазорон нафар дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо талабҳои баста шудани маҳбаси Гуантанамо даст ба тазоҳурот зада буданд.

Вашингтон ин боздоштгоҳро як бахши зарурии ҷанги зидди ваҳшатафканӣ меномад ва мегӯяд, дар он бо маҳбусон бадрафторие сурат нагирифтааст. Вале хабаргузориҳо дар ин панҷ соли гузашта аз чандин кӯшиши худкушии маҳбусони Гуантанамо ва бадрафтории нозирон бо боздоштшудагон иттилоъ додаанд. Хабари ба мабраз афканда шудани Қуръон -- китоби муқаддаси мусулмонон дар ин боздоштгоҳ бо мақсади фишор ба рӯҳияи мазҳабии бандиён дар бисёре аз кишварҳои мусулмон намоишҳои эътирозӣ ба амал оварда буд.

Аввалин асирони ҷанги зидди террор ба ин ҷо дар зимистони соли 2002-ум аз Афғонистон интиқол ёфта буданд. Аз он вақт ба ин тараф беш аз 770 маҳбус мудатеро дар Гуантанамо сипарӣ карданд. Аз байни онҳо даҳ нафар бо иттиҳоми ҷиноятҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуданд. Бархе ҳам ба ихтиёри ватанҳояшон таслим гардидаву хабаргузориҳои ғарбӣ тахмин мекунанд, ки ҳоло дар маҳбаси хушку офтобзадаи амрикоӣ 395 нафар нигаҳ дошта мешаванд.

Дар 5 соли мавҷудияти ин зиндон камаш 13 шаҳрванди Тоҷикистон баъди боздошт дар Афғонистон ба Гуантанамо фиристода шуда буданд. Баъдан мақомоти низомии ИМА ҳадди ақал ҳашт нафари онҳоро бидуни муҳокима озод намуданд.
Соли 2004-ум Додгоҳи Олии Амрико ҳукм баровард, ки маҳбусони Гуантанамо ё ба додгоҳ кашида шаванд ва ё шароити боздошти онҳо тағйир ёбад. Вале дар моҳи октябри соли 2006-ум президенти ИМА Ҷорҷ Буш қонуни нави мубориза бо терроризмро имзо кард. Бар пояи ин санад маҳбусони ҷанг бо террор аз кумаки вакили мудофиа ва ё дархости муҳокима дар додгоҳ маҳрум мебошанд. Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, иттилое, ки аз маҳбусони Гуантанамо дарёфт шудааст, ҳаёти сарбозони эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА-ро дар майдони ҷанг ва ҳаёти мардуми бегуноҳ дар кишварҳои мухталифро наҷот додааст. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мавҷудияти зиндони Гуантанамо эҳтироми ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонунро чӣ дар амрико ва чӣ дар кишварҳои дигар заъиф мекунад.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар, Ҳюман Райтс Вотч, дар гузориши солонаи худ мегӯяд, мавҷудияти боздоштгоҳи Гуантанамо эътимодро ба Иёлоти Муттаҳида ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон коҳиш додааст. Ин созмон аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, холигоҳи пешгоми ҳифзи ҳуқуқи инсонро пур кунад. Нашр гузориши Дидбони ҳуқуқи башар низ ба панҷумин солгарди таъсиси маҳбаси Гуантанамо бахшида шудааст.
XS
SM
MD
LG