Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими анҷумани ғайринавбатии ҲД-и Собиров


Бахши Ҳизби демократи Искандаров дар вилояти Суғд алайҳи анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Собиров, ки қарор аст, рӯзи 14 - уми январ дар Душанбе баргузор гардад, таҳрим эълон кард.


Ҷумъабой Ниёзов, муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров гуфт, ин тасмим бо тақозои демократҳои Суғд, ки пораи Собировро ғайриқонунӣ ва даъвати анҷумани ғайринавбатиро як иқдоми навбатии ҷудоиандозӣ дар дохили ҲД медонанд, гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 850 нафар демократҳои Суғд, ки аз ҲД-и Искандаров ҷонибдорӣ мекунанд, даъвати ширкат дар анҷумани ғайринавбатиро рад кардаанд.


Дар анҷуман даъвати Ҳизби Собиров қарор аст, масъалаҳои сари садорат мондани Масъуд Собиров, тағйири оиннома ва барномаи ҲД ва фаъолияти минбаъдаи он ба маърази баррасӣ кашида шавад. Аммо ба гуфтаи масъулини бахши суғдии ҲД-и Искандаров, масъалаи аз мақоми садорат барканор кардани Масъуд Собиров аз сӯи раёсати ин пора дар мавриде гузошта шудааст, ки оқои Собиров моил ба як шудани ҳар ду пораи ҲД буд. Ҳамчунин ба назари онҳо, оиннома ва барномаи ҲД, ки дар соли 1999 - и милодӣ ислоҳ дидааст, дар ҳоли кунунӣ ба тағйир ва дигаргунӣ зарурат надорад.


Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз ҷонибдорони ҲД-и Собиров дар вилояти Суғд, иборат аз 8 нафар, таҳти раҳбарии Даврон Каримов, муовини раиси ин пораи ҲД, омодагии худро ҷиҳати иштирок дар анҷумани ғайринавбатӣ изҳор доштаанд. Гурӯҳи ҷонибдор аз ҲД-и Собиров дар вилояти Суғд, даъвати анҷумани ғайринавбатиро иқдоме дар ҷодаи эҳёи ҲДТ ва ба ҳам овардани ҳар ду пораи он медонад, вале ба назари масъулини бахши ҲД-и Искандаров дар Суғд, ин иқдом ҷудоӣ ва мухолифат миёни ду пораи ҳизбро амиқтар хоҳад кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG