Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи нави Буш: Ситоиш, танқид, умедворӣ ва шубҳаҳо


Тарҳи нав дар Ироқ истиқбол шуд, вале дар худи Амрико мавриди интиқод қарор гирифт. Аъзои аршади демократ ва ҷумҳурихоҳи Сенои Иёлоти Муттаҳида нақшаи президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Бушро дар бобати интиқоли нирӯи изофӣ ба Ироқ танқид карданд.

Сенатор Чак Найгел, аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Буш гуфт, президент дар садади "хатарноктарин иштибоҳи сиёсати хориҷӣ аз замони ҷанги Ветнам то имрӯз" аст. Узви Сено аз Ҳизби демократ Ҷозеф Байден тарҳи Бушро на ҳалли мушкили Ироқ, балки як "иштибоҳи фоҷиаомез" номид.

Байден гуфт, аксарият интизори инро доштанд, ки тарҳи нав хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ ва паси сар гузоштани Ироқи мӯътадилро пайрезӣ хоҳад кард, вале "дар ивази ин мо шоҳиди густариши ҷанг мешавем."

Ин нуктаҳо дар ҳоле садо доданд, ки вазири умури хориҷии Амрико Кондолиза Райс гуфт, вазъият дар Ироқ ғайриқобили қабул аст, вале қимати шикаст дар Ироқ барои Амрико хеле баланд хоҳад буд. Райс инчунин гуфт, худи ироқиҳо масъули ватани худанд ва бояд аз ваҳдати миллӣ ва хушунатҳои мазҳабӣ якеро интихоб кунанд Ҳизби мухолифи демократ ваъда додааст, ки тарҳи нави Бушро дар музокира ва раъйдиҳии Конгресс қарор хоҳад дод.

Бритониё ва Австралиё аз барномаи нав истиқбол карданд, вале гуфтанд, худи онҳо нийят надорад, ба Ироқ нирӯи бештар бифиристанд. Сарвазири Австралиё, Ҷон Ҳовард, ин тасмимро ягона имконияти воқеъбинона номид, вале афзуд, кишвараш нақша надорад, ҳадди феълии нирӯҳояш дар Ироқро аз як ҳазору чорсад нафар бештар кунад.

Дар ҳамин ҳол дар Лондон, сарвазири Бритониё Тони Блейр аз нақшаи афзоиши шумораи сарбозон ҳимоят кард, вале афзуд, бояд артиши Ироқ низ таҳким ёбад ва ҳамчунин барномаҳои бозсохт, оштии миллӣ ва рушди Ироқ.

Дар ин байн, сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Буш, ваъда дод, ки кишвараш кӯмакҳои худро ба бозсохти Ироқ идома хоҳад дод.

Сухангӯйи Кумисюни Аврупо Эмма Удвин гуфт, қобили хушбинист, ки президент Буш ба вазъият як бархӯрди фарогиронатар нишон медиҳад. Хонуми Удвин мегӯяд, умед аст, ки ин чораҳо заминаи эътидоли бештар мешаванд ва Аврупо худро ба таври бештар бахше аз талошҳои байнулмилалии ҳалли мушкили Ироқ, чи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, эҳсос хоҳад кард.

Дар ҳоле ки мақомоти давлатии Ироқ аз тарҳи нави Буш пуштибонӣ карданд, дар миёни мардуми оддии Ироқ ин тарҳ вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Алӣ Абдулраззоқ, сокини Бағдод мегӯяд, барномаи нав бояд таҳкими ҳамкории нирӯҳои амрикоӣ ва ироқӣ, истиқлолияти бештари ҳукумат Ироқро дар назар дошта бошад. Вале Ҳамид Салмон, сокини дигари Бағдод гуфт: "Ин як қадами хубест. Ман умедворам, онҳо ин тарҳро хуб иҷро кунанд ва як амният оддӣ шаваду мардум тавонанд хуш ба сар баранд."

Ва Аммор, бошандаи дигари Бағдод гуфт: "Ба назари ман афзоиши нирӯҳои ироқӣ беҳтар аз афзоиши нирӯҳои амрикоист, зеро сарбозони ироқӣ фарзандони ҳамин ватананд."

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш гуфтааст, кӯмаки молӣ ба давлати Ироқ низ зиёд шуда, масъулияти амнияти кишвари худро дар моҳи ноябр бар дӯши нирӯҳои ироқӣ гузошта мешавад. Вале муваффақияти барномаи нави Буш аз тарафи мухолифони сиёсияш дар Амрико, бархе таҳлилгарон зери суол бурда мешавад, ба вижа бо тамаркуз рӯйи хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқ. Ҳоло Амрико дар Ироқ 130 ҳазор сарбозу афсар дорад.
XS
SM
MD
LG