Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши худкушии занон дар Тоҷикистон


cl

Ҳодисаҳои ба ҷони худ қасд кардани одамон дар минтақаҳо афзудааст. Бар тибқи иттилоъи расмӣ то ҳанӯз барои бонувон оташ ва барои мардон дору расан роҳи маъмултарини худкушӣ будаанд.


Худойназар Асоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, теъдоди дақиқи афроди маргҷӯ авохири моҳи январ маълум мегардад.


Дар ҳамин маврид, дар минтақаи Кӯлоб дар соли гузашта 63 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Ба иттилоъи Суҳроб Сафаров, сарнозири Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар Кӯлоб, теъдоди маргхоҳон дар нисбат ба соли 2004 - 25 нафар ва дар нисбат ба соли 2005 -13 нафар афзудааст.


Ва аммо ба иттилоъи расмӣ теъдоди занҳои маргталаб дар кишвар кам шудааст. Дар соли гузашта 43 зан ба ҷони худ қасд кардааст. Барои қиёс дар соли 2003 - 90 ва дар соли 2005 - 47 зан худро оташ задааст. Ва аммо ба иттилоъи коршиносон синни афроде, ки худро куштаанд, нигаронкунанда аст. Ҳамаи онҳо ҷавонони аз 18 то 40 сола будаанд.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG