Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: Сурия ва Эрон илҳомбахшони ташаннуҷанд


Вазири корҳои хориҷии Амрико Кондолиза Райс гуфт, худи ироқиҳо бояд масъули ватани худ бошанд ва аз ваҳдати миллӣ ва хушунатҳои мазҳабӣ якеро интихоб кунанд. Дар мавриди ҷалби Сурия ва Эрон ба ҳалли мушкили Ироқ, Райс гуфт:

"Сурия ва Эрон бояд рафтори ташаннуҷовари худро дар минтақа қатъ кунанд. Барои он ба онҳо пешакӣ ҳадияе дода нахоҳад шуд. Онҳо ҳам дар Ироқ ва ҳам дар кулли минтақа фақат душманони моро ҷуръату ҷасорат медиҳанд ва рӯҳояи дӯстони моро мешикананд ва ҳамаи онҳо мутаваҷҷеҳанд, бубинанд, ки оё Амрико садоқати худро дар минтақа нишон хоҳад дод ё на."

Райс гуфт, дипломати мустаъфӣ Тимоти Карниро раиси бахши кӯмакҳои иқтисодӣ ва эътидоли сиёсии Ироқ таъин кардааст. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс дар ҳамин нишасти хабарӣ гуфт, ба президент Буш машварат хоҳад додааст, ки шумораи нирӯҳои амрикоиро дар Ироқ дар панҷ соли оянда ба 92 ҳазор нафари дигар афзоиш диҳад. Ҳоло Амрико дар Ироқ 130 ҳазор сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG