Пайвандҳои дастрасӣ

Як нашрия UNDP дар Тоҷикистонро ба фасоди молӣ айбдор кардааст


Нашрияи русизабони «Азия-Плюс» дар сармақолаи шумораи тозаи худ бо нигаронӣ ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратии Русия навиштааст, ки ба дунболи ин ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик дар ин кишвар аз ҳаққи буду бош ва кор маҳрум хоҳанд шуд. Ба навиштаи нашрия, тағйирот дар Қонунҳои федеролии Русия дар мавриди «Мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия» ва «Сабти муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Русия», дасти мақомоти давлатӣ дар бахши сиёсати муҳоҷиратиро дарозтар мекунад.

Ҳамчунин, бар тибқи ин қонунҳо меъёри муҳоҷирини корӣ аз кишварҳое, ки Русия бо онҳо низоми бераводид дорад, шаш миллион нафар муқаррар шудааст. Ва дар ин миён танҳо 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи муҳоҷирати корӣ дар Русияро доштаанд.

Ҳамзамон, ин нашрия аз таъсиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон ва ба ин мақом таъин шудани вакили собиқи парлумони кишвар Шерхон Салимов хабар додааст. Ба навиштаи нашрия, ин Оҷонс аз ҳисоби Кумитаи назорати молиявӣ ва сарраёсати пулиси молиёти кишвар сармоягузорӣ мешавад ва ҳудуди 500 кормандро фаро мегирад.

Ҳафтаномаи «Факти и коментарий» дар сармақолаи худ намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистонро ба фасодкорӣ муттаҳам кардааст. Нашрия менависад, Барномаи рушди СММ яке аз созмонҳои аслии кӯмаккунандаи Тоҷикистон мебошад ва ҳамчунин қисматкунандаи маблағҳои ҳангуфти ворида ба ин кишвар мебошад. Ҳамчунин ин созмон ва дигар созмонҳои байнамилалӣ муборизаи мақомоти Тоҷикистон бо фасоди молиро зери интиқод қарор дода камтаъсир унвон кардаанд. Вале мутаассифона сатҳи фасодкорӣ дар дохили худро ба назар намегиранд. Дар матлаб Игор Боск, муовини раиси намояндагии Барномаи рушди СММ дар Душанбе ва ҳамсараш барои ба манфиати худ истифода бурдани маблағҳои бузурги ҷиҳати тармими бинои намояндагӣ ироашуда муттаҳам шудааст. Ҳамчунин муаллиф навиштааст, ки намояндагии ин созмон дар баргузории озмунҳо бисёр маврид тарҳҳои ҷолиб ва хубро канор гузошта, ба дигар тарҳҳо сармоягузорӣ мекунад.

«Миллат» дар шумораи тозаи худ дар як матлаб мақомоти масъули телевизионҳои давлатии Тоҷикистонро барои ин василаи ахборро ба саҳнаи ҳунарнамоии сарояндагон дар либоси ғайримуҷоз табдил кардан мавриди интиқоди шадид қарор додааст. Ҳамчунин навиштааст, ки саҳнаи ин телевизионҳо аслан дар ихтиёри он сарояндагоне ҳаст, ки суруди онҳо вазну қофия ва мазмун надорад. Муаллиф менависад: «Дар ин телевизионҳо аз шаклу шамоили сароянда ва либсопӯшиашон намедонӣ аз кадом ҷинс аст. Бовар намекунӣ ки ин телевизиони давлатии Тоҷикистон бошад, на ин ҷо ё Лос Анҷелеси Амрикост ё Сералосияи Испания ё Форталезияи Бразилия».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз нашри рӯзномаҳои серхонандатарини Русия «Аргументи и факти» ва «Комсомолская правда» хабар дода навиштааст, ки ин нашрияҳо дар нашриёти «Оила» расидаанд. Масъулини «Аргументий и фактий» гуфтаанд, ки нашри ин рӯзнома дар Душанбе ба он мусоидат хоҳад кард, ки дастрасии сарчашмаҳои мӯътамади иттилоотӣ дар Тоҷикистон бештар гардад».

Аммо дар ҳамин ҳол «Миллат» бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ менависад, дар шароите, ки фазои иттилоотии Тоҷикистонро шабакаҳои телевизиони Русия шакл медиҳанд, нашри рӯзномаҳои Маскав боз ҳам доман задан ба ду тарзи тафаккур аст, ки дар ниҳоят ба раванди ташаккули фикри воҳиди ҷомеа халал хоҳад расонид.

Ва ҳамзамон бо истинод ба вазорати адлия навиштааст, ки ин ду нашрияи Русия дар ҳеҷ мақомоти Тоҷикистон сабти ном нашудаст ва нашриёти Оила ин ду рӯзномаро ғайриқонунӣ ба нашр расонидааст. Ҳамчунин «Миллат» мудири нашриёти Оиларо бо он муттаҳам кардааст, дар ҳоле ин ду рӯзномаи хориҷии сабтиномнашударо ба чоп мерасонад, ки аз нашри ҳафтаномаҳои мустақили "Рӯзи нав", "Неруи сухан", "Вақт", "Миллат" ва "Адолат", ки расман сабти ном шудаанд, худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG