Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё "Шашмақом" ҷоизаи Грэмми хоҳад гирифт?


Ин озмуни 49-и ҷоизаи мазкур мебошад. Ҷоизаи «Грэмми» соли 1958 аз сӯи Анҷумани мусиқачиёни касбии Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ба ифтихори 80-солагии офаридани граммофон аз сӯи Томас Эдисон таъсис шудааст. Нахустин озмуни ин ин ҷоизаро Фрэнк Синатра ифтитоҳ кардааст, ки баъдан худи ӯ ду дафъа барандаи ин ҷоиза шудааст. Ҷоизаи мазкур бо қарори 20 ҳазор аъзои Академияи сабти мусиқии Иёлоти Муттаҳида тақдим мешавад. Ва барои дарёфти ин ҷоиза оҳангсозон, сарояндагон, коргардонҳо муҳандисони овоз, техникҳо ва дигар афроде, ки ба банду баст ва сабти суруду мусиқӣ сару кор доранд, метавонанд ҳунари худро пешбарӣ кунанд.


Маҷмӯаи сабти Шашмақом, ки барои дарёфти ҷоизаи «Грэмми» пешбарӣ шудааст, дар феҳрасти номзадҳо ҳамчун мусиқии суннатии тоҷику узбак муаррифӣ шудааст. Ин ду миллат Шашмақомро мусиқии суннати худ унвон мекунанд ва ҳамчунин то кунун дар ин сабки мусиқӣ меофаранду месароянд.


Вале ин албоме, ки пешниҳод шудааст, аз сӯи Академияи мақоми Тоҷикистон дар соли 2004 сабт гардидааст ва сабти онро аспирантони ин академия анҷом додаанд. Ҷамшед Эргашев, корманд ва аспиранти Академияи мақоми Тоҷикистон гуфт, дар ин маҷмӯа, ки ҳудуди 90 дақиқа аст, сурудҳои тоҷикӣ мақоми рост сабт гардидааст. Аммо ӯ мегӯяд, ин маҷмӯаро на Академияи Мақоми Тоҷикистон, балки Институти «Смит Сониан»-и Амрико барои дарёфти ҷоизаи «Грэмми» пешбарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG