Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Бишкек


va

Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи кормандони Оҷонси назорат бар маводи мухаддири ин кишвар боздошт шудаанд ва ин ниҳод мегӯяд, афроди боздоштшуда аъзои як гурӯҳи ҷиноӣ мебошанд. Ойсулӯ Содиқова, сухангӯи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Қирғизистон гуфт, ҳар ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Қирғизистон мақоми паноҳандаро дарёфтаанд.


Бону Содиқова гуфт, кормандони Оҷонси назорат бар маводи мухаддир як сол ба ин сӯ ба изи ин гурӯҳи ҷиноӣ афтода буданд ва ахиран ба манзури боздошти ҳомилони маводи мухаддир як амалиёти вижа тарҳрезӣ гардид.
Бар асоси гуфтаи сухангӯи Оҷонси назорат бар маводи мухаддир, яке аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки номаш ошкор карда намешавад, маҳз зимни фурӯши маводи мухаддир ба ходими гурӯҳи зудамал даст гирифта шуд. Аз ӯ ду килову 903 грамм афюни тоза мусодира шуд.


Ба гуфтаи хонум Содиқова, ҳомилони маводи мухаддир афюн ва маводи дигари нашъаоварро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз ин ҷо ба Русия низ интиқол медодаанд. Чанде қабл дар вилояти Ӯш як сокини ноҳияи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон бо ду кило маводи нашъаовар мавриди боздошт қарор гирифта буд.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG