Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии сиёсати нави Амрико дар Ироқ


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии Амрико дар суханронии худ эълон кард, ки шумори нирӯҳои Амрикоро дар Ироқ ба беш аз 20 ҳазор нафар афзоиш хоҳад дод.


Дар суханронии телевизионии худ, ки 20 дақиқа идома кард, Буш гуфт, ки аксари кулли нируҳо дар пойтахт, шаҳри Бағдод мустақар мешаванд, ва барои таъмини амният ба артиши ироқӣ мусоидат мекунанд. Феълан Амрико дар Ироқ 130 ҳазор нирӯ дорад.


Буш гуфт, ки вазъи феълии пурхушунати Ироқ ғайри қобили қабул аст. Буш аз нахуствазир Нурӣ-Ал-Маликӣ ва дигар мақомоти ироқӣ даъват ба амал овард, ки вазифаи ба дӯши онҳо вогузоршударо дар самти хатми хушунатҳои мазҳабӣ ба анҷом расонанд, чун, ба гуфтаи Буш, "тааҳҳуди низомии Амрико дар Ироқ беҳудуд нест".


Буш гуфт: "Ман ба нахуствазир ва дигар мақомоти ироқӣ ба таври рӯшан маълум кардам, ки тааҳҳуди Амрико дар Ироқ беҳудуд нест. Агар ҳукумати Ироқ ба ваъдаҳои худ вафо накунад, он эътимоди мардуми Амрикоро аз даст хоҳад дод, ва аз пуштибонии мардуми Ироқ маҳрум мешавад. Ҳоло фурсати амал расидааст ва нахуствазири Ироқ ҳам инро дарк мекунад"

Ҷорҷ Буш инчунин тааҳҳуд намуд, ки пуштибонии Эрону Сурия аз, ба қавли ӯ, "террористони" ироқӣ хотима хоҳад ёфт. Раиси ҷумҳурии Амрико ин ду кишварро дар он муттаҳам кард, ки низомиёнро иҷозат медиҳанд, ки аз қаламрави кишварашон барои убур ва мурури хоки Ироқ истифода кунанд.


Раҳбарони ҳизби демократи Амрико, ки ҳоло назоратро бар ҳар ду палатаи парлумони ин кишвар ба ӯҳда доранд, ҳушдор додаанд, ки аз ба қавли онҳо, тавсеаёбии ҷанг дар Ироқ бо дасти Буш ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG