Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Ожонси назорати молиявии Тоҷикистон таъин шуд.


Шерхон Салимов собиқ раиси кумитаи қонунгузории парлумони Тоҷикистон бо як фармони ҷадиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси Ожонсии нави назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди молӣ таъин шуд. Ин ниҳоди тоза охирҳои ноябри соли гузашта дар чаҳорчӯби ислоҳоти идории ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта буд.


Сомонаи Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ожонсии назорати молиявии мубориза бо фасод 500 нафар корманд хоҳад дошт. Бинобар бар навиштаи сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ожонси мазкур як ниҳоди масъули нозири молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, ба он вазифаҳои Кумитаи собиқи назорати давлатии молиявӣ, Идораи пулиси молиёти назди Вазорати даромад ва пардохтҳо, инчунин сохторҳои мубориза бо фасоду ҷиноёти иқтисодии дорои хусусияти коррупсионии Додситонии кулл ва мақомоти дигари интизомӣ вогузор шудааст. Лозим ба зикр аст, ки Шерхон Салимов аз ин пеш мақоми додситони шаҳри Душанбе ва муовинати Додситонии кулли Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG