Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони баскетболи тоҷик


Дар ин мусобиқот 18 даста аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ тӯли ҳашт рӯз дар се гурӯҳ рақобат карданд. Дар ҳарсе гурӯҳ шогирдони мактаби варзишии захоири олимпии шумораи 5-и шаҳри Душанбе пирӯз шуданд.

Дастаи «ФОК» дар гурӯҳи хурдсолон ғолиб омад. Тими «Фаэтон» дар гурӯҳи наврасон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дастаи «Новий век» байни тимҳои ҷавонон дар ҷойи аввал қарор гирифт. Узви ин даста Наврӯз Умедов беҳтарин бозигари ин мусобиқот эълом шуд.

Вила Очилдиев, раҳбари мактаби варзишии шумораи 5-и Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт:
«Ин аввалин мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар соли нав дар риштаи баскетбол маҳсуб мешуд. Моҳи апрел мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон баргузор мешавад. Ва ин бозиҳо як давраи омодагии баскетболбозони ҷавони мо ба мусобиқоти ҷумҳуриявӣ мебошад.»


Оқои Очилдиев дар идома иброз дошт, ки соли гузашта барои шогирдони ин мактаби варзишӣ соли муваффақ буд. Аввалин бор дастаи занонаи волейболи мактаби мазкур ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. Тимҳои наврасону ҷавонони мактаби захоири олимпӣ барандаи медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи чавгонбозӣ гардидаанд. Дар риштаи баскетбол низ шогирдони мактаби номбурда дар ҳамаи мусобиқоти ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро касб кардаанд. Минҷумла, Лигаи баскетболи Тоҷикистон порсол бо пирӯзии шогирдони ин мактаб ба анҷом расидааст.
XS
SM
MD
LG