Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар байни обу оташ


Бунгоҳи хабарии Родиёи Озодӣ Мавзӯъи калидии стротегияи нав дар мавриди Ироқ, ки бояд рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш эълон шавад, интиқоли 20 ҳазор неруи иловагӣ ба ин кишвари ҷангзада аст.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, қарор аст ин неруҳо ба қатъи хушунат дар маркази ошубгарони ироқӣ - вилояти Анбор мусоидат кунанд.Ва аммо Ҳизби Демократ - ҳизби пирӯз дар интихоботи ахир ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида ба фиристодани неруҳои нав ба ҷанги Ироқ, ки бар асари он беш аз се ҳазор низомиёни амрикоӣ кушта шудаанд, шадидан мухолиф аст. Узви Сенат аз ин ҳизб Эдвард Кеннедӣ зимни суханронӣ дар як нишаст дар Вошингтон дар робита ба ин мавзӯъ гуфт:

Мо нафақат алайҳи интиқоли неруҳо ба Ироқ бояд ҳарф занем. Мо бояд аз ин амал ҷилавгирӣ кунем.

Аз нигоҳи ҷаноби Кеннедӣ, фиристодани неруҳои иловагӣ ба Ироқ Амрикоро ба нафрати бештари ҷаҳониён мувоҷеҳ мекунад ва пирӯзӣ аз болои терроризмро сангинтар месозад.
Дар Ироқ низ дар робита ба фиристодани неруҳои иловагии амрикоӣ назарҳои мухталиф иброз мешаванд. Мақомоти кишвар аз ин тасмим хуш истиқбол карданд. Ва аммо Аднон Ал Дулаймӣ - раҳбари Ҷабҳаи тафоҳуми Ироқ - як ниҳоди суннимазҳабҳои кишвар дар ин бора назари дигар дорад:

Агар ин неруҳо барои таъмини амният дар Ироқ талош кунанд, натиҷаи он хуб хоҳад шуд. Ва аммо агар ин неруҳо хостори таъмини амният ва оромӣ набошанд, интиқоли онҳо бемаънист.

Назарпурсиҳо дар Иёлоти Муттаҳида собит мекунанд, ки мардум низ дар робита ба фиристодани неруҳои нав ба Ироқ назари мухталиф доранд. Шабакаи хабарии CBS баъди пурсиши назари ҳудуди ҳазор сокини Иёлоти муттаҳида иттилоъ дод, ки 45 дар сади амрикоиҳо аз интиқоли неруҳои нав ба Ироқ пуштибонӣ мекунанд ва 48 дар сад ба ин амал мухолифанд. 55 дар сади шаҳрвандон мегӯянд, ки афзоиши теьдоди неруҳо ба вазъ дар Бағдод таъсире нахоҳад гузошт ва фақат 35 дар сад ақидаи хилофро баён кардаанд. Беш аз нисфи мусоҳибони CBS гуфтаанд, ба истиқрори демократия дар Ироқ бо кумак ваё бидуни кумаки Амрико бовар надоранд. Ҳамчунин 23 дар сад аз сиёсати Ҷорҷ Буш дар қиболи Ироқ пуштибонӣ карда ва аммо 72 дар сад онро ғалат ва ноком хондаанд.
XS
SM
MD
LG