Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби нахуствазири нави Қазоқистон


Карим Масимов, ки қаблан вазифаи муовини нахуствазирро бар дӯш дошт, чаҳоршанбеи 10 январ дар ҷаласаи муштараки ҳарду Маҷлиси парлумони Қазоқистон нахуствазири кишвар интихоб гардид.


Депутатҳо номзадии уро, ки аз ҷониби Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури ин кишвар пешниход гардид, бо иттифоки оро пазируфтанд. Нурсултон Назарбоев зимни пешниҳод кардани номзадии ӯ иброз дошт, ки ҳадаф аз тасмими истеъфои ҳукумати қаблӣ ба ҳукумат ҷалб кардани гурӯҳи нави кормандони идорист, ки Карим Масимов аз ҷумлаи онҳост.


Раиси ҷумҳур Назарбоев таъкид кард, ки нахуствазири нав донишу таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳукумати нав барномаеро,ки пиёдасозии ҳадафҳои ӯро таъмин менамояд, пешниҳод хоҳад кард.


Карим Масимови 42 сола дар ҷумхурии мардумии Чин дар ду донишгоҳ - яке донишгоҳи забонҳои Пекин ва бахши ҳуқуқшиносии донишгохи Уҳан таҳсил намуда, сипас Академияи давлатии идоракунии Қазоқистонро хатм кардааст.


Вай то ин муддат дар вазоифи гуногун, аз ҷумла раиси Бонки халқии Қазоқистон, вазири нақлиёт ва иртиботот, вазири иқтисод ва тарҳрезии буҷа, ёвари раиси ҷумҳур ва муовини нахуствазир кор кардааст.


Нахуствазири тоза интихобшуда доктори илми иқтисод аст ва бо чаҳор забон - англисӣ, чинӣ, арабӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.


Тибқи муқаррароти Қазоқистон нахуствазир тайи даҳ рӯз бояд ба раиси ҷумҳур сохтор ва ҳайъати ҳукуматро пешниҳод ва барномаи ҳукуматро дар муддати як моҳ ба парлумони кишвар ироа намояд.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG