Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи ҷавонони тоҷик ба қатли Саддом Ҳусейн


Зарангези Наврузшоҳ Қатли Саддом Ҳусейн Раиси ҷумҳурӣ собиқи Ироқ тайи як ҳафтаи ахир мавзӯи аслии баҳсҳои ҷавонони тоҷик гаштааст. Ин воқеа миёни ҷавонони тоҷик ба вижа донишҷӯён, вокунишҳои мухталиф ба бор овардааст. Агар зумрае қатли Саддомро подоши сазовор ба як диктотури худхоҳ медонанд, қисмати дигар ибрози таасуф мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зиддӣ бадӣ аз бадӣ кор гирифт.

Бештари ҷавонони тоҷик, ки аз тариқи шабакаҳои хориҷӣ ба хусус шабакаи EuroNews саҳнаи эҳсосбарангези ба дор овехтани Саддомро дида ва дар ин бора иттиллоъ гирифтаанд, мегӯянд ҳамон ҳолат онҳо ба даҳшат омада нисбати ӯ эҳсос ғамхорӣ кардаанд.



Нарзулло як ҷавони тоҷик бар ин аст,Саддом Ҳусайн ба сазои аъмоли худ расид ва ҷазои он зулму ситамеро, ки ба ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ кардаву ва мардуми зиёдеро низ кушта буд, гирифт. Яъне дар ивази бадиҳояш подоши сазовор гирифт: "Одами золим буд, инро ҳама медонанд аз хурд то калонсолро, ки пурсӣ дар бораи вай иттилои манфӣ медиҳанд. Худ тассавур кунед, ки Саддом Ҳусейн нисбати халқ, нисбати тифлону занон чӣ гуна бераҳмиҳо мекард. Нисбати занон таҷовузкорӣ. Ман тарҷумаи ҳоли вайро мутолиа кардаам ва дар бораи ин корҳояш иттилоъ дорам"

Вале боз баъзеи дигари ҷавонон чунин шеваи эъдомро нисбат ба Саддом Ҳусейн ҳамчун як инсон чандон дуруст намешуморанд ва мегӯянд, ки дар рӯзҳои иди Қурбон сурат гирифтани эъдом коре буд нораво. Ба гуфтаи мусоҳибонам, Саддом Ҳусайн бояд бо шеваи дигаре эъдом мешуд. Аҳмад дар ин бора мегӯяд: «Масалан барои он, ки вай мисол одамони бегуноҳро кушта буд ҳабси абадӣ мешуд бояд, аммо на қатл. Фарз кардем дар бораи демократияву озодӣ мегуем чунин ҳукм чандон мувофиқ нест. »

Вале ба нигоҳи Латиф як мусоҳиби дигари ҷавонам ҳукми Саддом Ҳусейн бештар ҷанбаи сиёсӣ дошт то ҳуқуқӣ. Зеро ба мисли ӯ диктатор ва роҳбарони золими дигар зиёданд, ки нисбати онҳо ҳукми ниҳойи содир нашуд: "Агар ин хел гирем, мисли Саддом Ҳусейн ҳазорҳо нафар ҳастанд, ки на танҳо 140, балки 300-400 нафарро ба қатл расонидаанд, лекин онҳо дар озодиянд. Ман фикр мекунам ин ҷо мулоҳизоти сиёсӣ боло гирифтааст."


Дар ҳамин ҳол мусоҳибам Нарзулло мегӯяд агар ӯ раиси додгоҳ мебуд нибсати чунин як диктотур ҳукми қатлро раво медид, зеро ба назари ӯ ин дарси хубест барои дигар раҳбарони золим: "Чунин Золимонро ба қатл мерасонидам, танҳо таввасути ВАО намоиш намедодам. Ин дарси хубе мешавад барои дигар чунин роҳбарон, то аз золимӣ даст кашанд".

Ба ҳар сурат ин ақидаҳои ҷавонони тоҷик аст, ки ҳар яке мувофиқ ба фаҳмиш ва дарки сиёсии худ ба ин қазия баҳо медоданд.
XS
SM
MD
LG