Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нокия"-и арзон, аммо...хатарнок!


Ин гуфтаро фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ ҳам таъкид мекунанд, ки бо сабаби афзудани шумори воридоти телефони мобил ба кишвар ва барои рақобатпазир будани тиҷорат онҳо арзон шудаанд.


Ҳоли ҳозир дар бозори телефонҳои мобилии Тоҷикистон телефонҳои ҳамроҳи мавсум ба «Сони», Нокия», «Эриксон», «Моторолла» ва «Самсунг» харидори зиёд доранд.


Ин телефонҳо вобаста ба сифат ва амалиёти гуногунашон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда қимматашон низ фарқ мекунад. Ба ин сурат як телефони «Нокия», ки дар миёни муштариён нуфузи бештаре дорад ва ҳамагон ба сифати баланди ин тамға эътимод доштаанд,аз 65 то 600 долар фурӯхта мешавад.


Тамғаи маъруфи дигари телефонҳои дастӣ феълан «Сони» «Эриксон» аст, ки амалиёти васеъ дошта бо дастгоҳи аккосиву, наворбардорӣ, сабти овоз ва ғайра муҷҷаҳазанд, ки баробар аст аз 200 то 460 доллар.


Навъи ҷадиди телефони «Моторолла»-ро, ки хеле сабук аст дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт, метавон бо қиммати аз 100 то 420 доллар пайдо кард ва аммо қиммати «Самсунг» бошад аз 105 то 360 долларро ташкил медиҳад.


Ба гуфти фурӯшандаҳои телефонҳои мобилӣ баҳои телефонҳои дастӣ аз кишвари тавлидкунандаи он сахт бастагӣ дорад. Аммо дар ҳамин ҳол ширкати «ТК - Мобайл», ки хидматрасонии вижаи Сидимейро ихтиёр кардааст, баробари фурӯши симкортҳо ба муштарӣ телефонӣ махсус пешниҳод мекунад.


Баҳои ин телефонҳо нисбат ба гушиҳои оддӣ арзонтар аст. Барои мисол бар ивази аз 97 то 1200 сомонӣ метавон соҳиби телефонии мобилии нави ин ширкат гардид.


Ин баҳои телефонҳои нав ва истифода ношуда буд. Аммо феьлан дар Точикистон харидории телефонҳои дасти дуввум, ки дар нуқтае бо номи телефонбозор фурӯхта мешаванд, хеле маьруфанд. Иллати ин ҳам дар баҳои арзони телефонҳои истифодашудааст.


Дар ин бозор метавон ҳатто як телефони «Нокия»-ро бар ивази аз 20 то 25 доллар пайдо кард. Вале чунин телефонҳо одатан метавонанд, дар ҷайби кас ва ё зери болини хоб худ аз худ оташ гиранд ва соҳиби худро маҷрӯҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG