Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири заминларза дар шимоли Тоҷикистон


Бар асари заминларзаи шаби 9-январ дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон 56 бинои манзили маскунӣ осеб дидааст.Бино ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар натиҷаи заминларза асосан сохтмони манзилҳои ҳудуди ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд зарар дидаанд.

Ҳамчунин гузориши Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳокӣ аз он аст,ки дар ноҳияи Шаҳристон низ сохтмони бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 6 қисман хароб гардидааст. Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ осеб дидани манозили маскунӣ боиси бехонумон шудани мардум нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад коршиносони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикисон дар маҳалли ҳодиса машғули баррасӣ ва муайян кардани маблағи умумии хисороти моддии ворида аз заминларзаанд.

Мутобиқи маълумоти Маркази зилзиланигории Тоҷикистон конуни зилзилаи рух дода дар миёни марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон қарор доштааст. Қудрати заминларза мувофиқи расмӣ дар Тоҷикистон ба шумули пойтахти он шаҳри Душанбе панҷ дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG