Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдбуди Мартин Лютер Кинг


ЧЕҲРАИ НОШИНОС

Пеш аз он ки ин барномаро тарҳрезӣ кунем ва дар ҳоле ки моҳи ҷорӣ дар Амрико расмҳои ёдбуди доктор Мартин Лютер Кинг барпо мешаванд, аз ҳамкорон дар Душанбе хостем, аз раҳгузарон суол кунанд, оё Мартин Лютер Кингро мешиносанд ва корномаи ӯро медонанд. Шигифтовар буд, ки аз 14 нафари пурсидашуда, касе ёфт нашуд, ки ин шахсро бишиносад ва аз корномаи ӯ огоҳ бошад. Пасон қиссаро ба хонандагони сомонаи интернетии радиои Озодӣ дар миён гузоштем ва дар номаҳои расида, дидем, ки Кинг дар миёни тоҷикон мухлисони худро дорад. Ва аз коршиносони тоҷик низ шарҳу тафсирҳои хубе гирифтем. Пас, бигзор фикр кунем, ки посух надодани раҳгузарон як тасодуф буд. Ҳарчанд дӯсти мо Маҳмадраҳим аз шаҳри Мирнийи Русия гуфт, ҷои тааҷҷуб нест, дар як барномаи дигар, шогирдони Донишгоҳи ҳунарҳои нафиси Тоҷикистон ба суоли Аҳмад Бобоқулов кист, посухҳои хандаовару гиряовар дода буданд.

ЗУҲУРИ КИНГ

Шунавандаи азизи мо Азиза аз шаҳри Душанбе, навишт, хуб аст, агар дар бораи Мартин Лютер Кинг барномае таҳия кунем. Пас биёед ин барномаро бо садои худи Кинг шурӯъ мекунем. Ман амдан тарҷумаро на дар рӯи садои ӯ, балки паҳлуи ин садо мегузорам, то шумо нирӯи ин садо ва ҳунари наттоқии Кингро худ шоҳид бошед: "Олиҷаноб аст, агар шумо мехоҳед, каси боаҳамият бошед. Олиҷаноб аст, агар шумо мехоҳед, эътироф шавед. Олиҷаноб аст, агар шумо мехоҳед, инсони бузург бошед. Вале эътироф кунед, он касе дар байни шумо бузургтарин аст, ки хидматгори шумо бошад. Ин аст таърифи нави бузургворӣ."

Мартин Лютер Кинг, ҷавонтарин барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, 15-уми январи соли 1929 дар Атлантаи Иёлоти Муттаҳида, дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омада, дар даврае таҳсили ибтидоӣ ва донишгоҳӣ гирифтааст, ки сафедпӯстону сиёҳпӯстон ҷудо аз ҳам таҳсил мекарданд. Вале ҳангоми таҳсил донишгоҳи динии Пенсилвания ӯро сардори синфе интихоб карданд, ки аъзои бештаринаш сафедпӯстон буданд. Дар соли 1951 вай барандаи бурси вижа гашт ва Донишгоҳи Бостонро хатм кард.

МАКТАБИ ГОНДӢ

Пас аз хатми Донишгоҳи Бостон ва бозгашт ба калисо Мартин Лютер Кинг Конфаронси раҳбарони насрониро дар ҷануби Амрико таъсис дода, нахустин раиси он гардид. Ин созмон мактабе шуд, ки дар он сарони ҷумбиши ҳимоя аз ҳуқуқи инсон тарбия диданд. Ормонҳои ин мактаб аз дини насронӣ ва шеваи амали он аз мероси Маҳатма Гондӣ гирифта шуд. Яъне ҳамаи инсонҳо бандагони баробарҳуқуқи худоянд ва эътирози шумо ҳаргиз набояд аз зӯроварӣ кор гирад. Мартин Лютер Кинг дар миёни солҳои 1957 то 1968, яъне 11 сол ба ҳазорон шаҳру рустои Амрико сафар кард ва 25 ҳазор бор дар ҳузури ҳазорон нафар сухан гуфт. Дар ин суханрониҳои ӯ аз мардум даъват мешуд, бар зидди ҳама гуна беадолатӣ садо баланд кунанд, хомӯш нанишинанд, даст ба тазоҳурот зананд, вале бо эътирози осоишта. Вай панҷ китоб навишт ва даҳҳо мақола ба чоп расонд ва ба сурати умумӣ виждону иродаи омро бедор кард.

"МАН ОРЗУЕ ДОРАМ..."

Намоишҳои эътирозие, ки бо раҳбарии ӯ дар Бирмингҳем, Албама ва дигар минтақаҳои Амрико ба амал омад, таваҷҷӯҳи аҳли ҷаҳонро ба худ кашид. Вай ҳукуматдоронро маҷбур кард, ба сухани мардум гӯш диҳанд. Дар ин байн ӯ бист мартаба боздошт ва чаҳор бор ҳадафи сӯйиқасд қарор гирифт.
28-уми августи соли 1963 ӯ садҳо ҳазор нафарро аз пайи худ ба Вашингтон овард ва ин бузургтарин гирдиҳамоӣ буд дар роҳи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми сиёҳпӯсти Амрико ва нутқи ӯ дар ин ҷо бо номи "Ман орзуе дорам" дар тамоми ҷаҳон машҳур гашт. Дар ин гирдиҳамоӣ на танҳо сиёҳпӯстон, балки мардуми сафедпӯсти Амрико низ ширкати густарда дошт. Намоиш бо раҳпаймоӣ ва суруди мардумии сиёҳпӯстон шурӯъ шуд. Кинг дар пояи Ёдгории бунёдгузорони ИМА ва бо ишора ба таърихи муборизаҳои демократӣ гуфт: "Ман орзуе дорам, ки рӯзе писари ғуломи собиқ ва писари ғуломдори собиқ сари як дастархони бародарӣ биншинанд. Ман орзуе дорам."
Суханони Кинг, даъватҳои ӯ ба демократияи ҳақиқӣ, ҳуқуқ ва озодии инсон, адлу дод ва аслан зиндагии ӯ паёмест ба ҳамаи озодандешон ва онҳое ки аз худ дида бештар дар бораи дигарон фикр мекунанд.

МАРТИН ЛЮТЕРИ ТОҶИКОН?

Шунавандаи мо, Маҳмадраҳим инчунин навиштааст, ки агар Амрико имрӯз дар демокросӣ ба сатҳи баланд расида бошад, ин хидмати чунин ашхосе монанди Мартин Лютер Кинг аст. Ва ӯ меафзояд, имрӯз тоҷикон, ба вижа муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба як Мартин Лютер Кинге ниёз доранд, ки аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунад. Аммо оё чигуна чунин як шахсе ба саҳнаи таърих меояд? Худи Кинг мегӯяд, барои ин ҳеҷ табиати фавқулодда зарур нест. Фақат як чиз, ки кас бояд дар бораи дигарон, миллат ва ватанаш бештар аз он фикр кунад, ки дар бораи худ мекунад.

Албатта, ногуфта намонад, ки муборизаи Кинг сабаби душмандории ӯ шуд. Як ҳукумати бузург бо тамоми имкониятҳояш дар муқобили ӯ қарор гирифт. Хадамоти махфӣ ҳар қадами ӯро зери назар гирифтан. Ӯро дар маъшуқбозӣ, дуздии асари дигарон ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Бостон айбдор карданд ва ниҳоят ӯро ба маҳбас нишонданд. Вале рӯҳи ин шахс шикаста ва эътибораш коста нашуд.
Ниҳоят чоруми апрели соли 1968, ҳангоме ки вай аз айвони меҳмонсарои Мемфис сухан мегуфт, ҳадафи гулула қарор гирифт ва кушта шуд. Ҳарчанд дар қатли ӯ нафар ҳукми абад гирифт, пажӯҳиш нишон дод, ки ба сӯи Кинг аз чанд самт тирандозӣ шудааст. Марги Кинг эътироз ва коршиканиҳои густардаро ба амал овард.

ПАЁМИ НИҲОӢ ВА АСОСӢ

Паёми охирин ва асосии Кинг монанди офтоб, абру борон, меҳри модар, сабзаи канори роҳ ва оби рӯдхона содаву оддист. Инсон озод ба дунё омадааст ва бояд озод бошад. Барои ин озодӣ, барои ҳақиқат, адолат ва ҳақталошӣ ҳеҷ кас ба иҷозае ҳеҷ каси дигаре зарурат надорад. "Шумо фақат ба диле ниёз доред, ки пур аз файз бошад, файзе ки ишқ зодааст."
XS
SM
MD
LG