Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оливе Пелен: "Низомиёни фаронсавӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд"


Оливе Метла Пелен - сафири ҷадиди Фаронса дар Тоҷикистон эълом кард то замоне,ки нируҳои Паймони Атлантики шимолӣ дар Афғонистон масъулияти худро идома медиҳанд воҳиди низомии ин кишвар дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.


Оқои Метла Полен дар хатми маросими супоридани эътиборномаи худ ба Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти беш аз ду соатаи ӯ ба хабарнигорон ин нуктаро таъкид кард, ки афсар ва сарбозони Фаронса дар Тоҷикистон танҳо бо ҳадафи кӯмак ба нирӯҳои низомии ин кишвар дар Афғонистон мустақар шудаанд.


Бад -ин хотир масъалаи берун кашидани ин воҳиди низомӣ ва ё таъйини замони эҳтимолии ихроҷи онҳо аз Тоҷикистон дар миён набудааст: «Ман фикр мекунам ва ин масъала усулан,ки бо президент Раҳмонов низ мувофақа шудааст дар бораи кадом як мӯҳлати муайяни ҳузури ин ниру дар Тоҷикистон мутлақо ғайримкон аст. Дар ҳақиқат ғайриимкон аст. Зеро мо намедонем,ки ҳаводис дар Афғонистон чӣ гуна тағйир меёбад»


Сафири Фаронса ба ин суоли хабарнигорон,ки Фаронса барои буду боши нируҳояш дар Тоҷикистон ва истифода аз қаламрав ва ҳарими ҳавоии ин кишвар кадом маблағеро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад, посухи рад дод.


Вай гуфт,ки ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ҷузъе аз ҳамкориҳои сиёсии миёни ин ду кишвар аст,ки далели гӯёи он иҷозаи мақомоти Тоҷикистон барои ҳузури ин нируҳо дар фурудгоҳи Душанбе ва муҳайё сохтани шароити парвоз барои ҷангандаҳои ин кишвар дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ мебошад.


Ҳамзамон сафири ҷадиди Фаронса гуфт ,ки кишвараш дар роҳи иҷрои тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон низ имкон дорад кӯмак кунад.Зимни сафари ахири худ Мишел Алио Мари вазири дифоъи Фаронса ба Тоҷикистон изҳор дошта буд,ки ин кишвар барои тармим ва бозсозии фурудгоҳи Душанбе ба маблағи биступанҷ миллион евро кӯмак хоҳад кард.То кунун сарбозони фаронсавӣ мустақар дар Душанбе бахше аз хатти парвози ин фурудгоҳро тармим ва бозсозӣ кардаанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG