Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни бознашри матбуоти Русия дар Тоҷикистон


Раҳматкарими Давлат Ба дунболи нашри рӯзномаи «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон», ки ҳафтаи гузашта баъди 15 сол аз сар гирифта шуд, эълони нашри ҳафтавори дигари бонуфузи чопи Маскав дар Тоҷикистон низ дар ҳафтаи равон пахш шудааст.

Нашри ҳамзамони рузномаҳои Маскав дар Душанбе аз зовияҳои мухталиф, яъне аз заминаҳои ҳуқуқии нашр то таъсири онҳо барои бозори матбуоти тоҷик ва таъсири онҳо рӯи ташаккули фикри миллӣ, баррасӣ мешавад.


Дар вазорати адлияи Тоҷикистон, ки масъулияти сабти номи рузномаҳоро дорад, гуфтанд, ки бо чунин номе, яъне «Комсосолская правда» дар Тоҷикистон» нашрияе сабт нашудааст.


Масъулини вазорти адлия гуфтанд бархе шахсони ҳуқуқӣ, яъне муассисаҳои сабтшуда, ки дар ойнномаи онҳо барои нашри рузнома иҷоза дода шудааст, ҳаққи нашри рузномаро доранд, аммо барои нашри рузнома муассисаҳо низ муввазафанд, ҳатман хулосаи вазорати фарҳанг ва ё муҷавизи вазорти адлияро дарёфт кунанд. Коре,ки «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон анҷом надодааст.


Дар ҳамин ҳол дар раёсати таъбу нашри вазорти фарҳанг низ гуфтанд, рузномаеро бо чунин ном сабт накардаанд ва танҳо хабар доранд, ки гуё нашрияи «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон чун замимаи ҳафтавори «Оила» аст.


Аммо дар худи рӯзномаи «Комсомолская правда», чопи Душанбе зоҳиран талаботи қонунгузории Тоҷикистон роҷеъ ба ҷои нашр, муассис, рақами қайд ва суроғаи қароргоҳи нашрия нишон дода нашудааст. Яъне он на чун замимаи «Оила», балки чун тарҳи бурунмарзии нашрияи «Комсомолская правда» -и чопи Маскав бо имзои сардабири он унвон шуда ва дар омадааст.


Чопхонаи «Оила» дар ҳоле ба нашри рӯзномаҳои чопи Маскав он ҳам бидуни санади расмии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, иқдом кардааст, ки аз нашри аксар рӯзномаҳои мустақил, назири «Рузи нав», «Нируи Сухан», «Одаму олам», «Вақт», «Адолат» ва «Миллат» худдорӣ мекунад. Аммо масъулини чопхонаи «Оила» аз ҳар гуна шарҳи ин иқдомаш худдорӣ карданд.


Аммо аз ин ҳам, ки бигзарем, ба эътиқоди соҳибназарон боз гашти матбуоти Маскав ба Тоҷикистон бештар ба унвони омилили таъ сиргузор рӯи афкори умумӣ ҷойи нигаронӣ дорад. Хуршеди Атовулло мудири Маркази пажӯҳишҳои журналистии Тоҷикистон мегӯяд дар шароите, ки фазои иттилоотии Тоҷикистонро шабакаҳои ТВ Русия шакл медиҳанд, нашри рузномаҳои Маскав боз ҳам доман задан ба ду тарзи тафаккур аст, ки дар ниҳоят ба раванди ташаккули фикри воҳиди миллӣ халал хоҳад расонид.



Вале Раҷаби Мирзо сардабири «Рузи нав» мегуяд, нашри рӯзномаҳои Маскав ба унвони манбаи алтернативии ахбор барои шароити феълии Тоҷикистон, ки расонаҳо аз озодии комил бархурдор нестанд, бисёр аҳамият дорад ва зарур аст. Аммо ин дар ҳолест, ки Абдуфаттоҳ Воҳидов сардабири собиқи рӯзномаи бонуфузи вақти «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дабири иҷроии АРММ мегӯяд акнун фазо ва замон дигар шуда ва тақозои бозор низ ва «КП» дигар қодир нест, нуфузи 20 соли қабли худ дар Тоҷикистонро эҳё кунад.


Вале ба бовари Хуршеди Аттовулло нашри рузномаҳои русӣ дар шароите, ки чопхонаҳо рӯзномаҳои мустақилтари Тоҷикистонро иҷозаи чоп намедиҳанд ва матбуоти фаъол шадидан худсензурӣ мекунад, метавонад боиси рақобати номутавозин дар бозори хусусан матбуоти русизабони Тоҷикистон гардад.


Аммо дар ҳар сурат, мегуянд бархе дигар аз соҳибназарон бояд интизор буд ва дид, ки чӣ вазъе пеш хоҳадомад. Чизе, ки бо нашри ин рузномаҳо акнун боз ҳам маълум шудаст, таъсири билқувваи сиёсати Маскав дар фазои иттилоотии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG