Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди яхсел ба нирӯгоҳи "Помир-1"


МШ

Бар асари сардии фавқулодда дар Бадахшон ва яхбандии обанбори нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1" хавфи кор афтодани ин тавлидкунандаи барқ ба миён омадааст. Ин нуктаро муҳандиси шабакаҳои барқи Бадахшон айруллобек Завқибеков изҳор дошт ва афзуд, қабати ғафси ях маҷрои об ба агрегатҳоро суст ва ҳаҷми нирӯи тавлидшавандаро кам мекунад. Ин ҳолат боис шудааст, ки зиёда аз як ҳафта ба ин сӯ сокинони деҳоти атрофи Хоруғ дар сардӣ ва торикӣ ба сар мебаранд.

Барои тағйири вазъ ба таркондани ях зарурат ҳосил шудааст. Султонназар Холиқназаров, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон гуфт, имсол нахустин бор онҳо шоҳиди ҳаводисе гардиданд, ки яхсел фаъолияти нерӯгоҳҳои барқиро дар Бадахшон ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Ба гуфтаи вай, ғафсии ях ба 50 ва дар баъзе ҷойҳо ба 80 сантиметр мерасад. Вай афзуд, чанде пеш яхсел ҳаракати обро дар обанбор ва лулаҳои неругоҳи обии барқии Намадгути Ишкошим мутаваққиф сохт ва ин садама бо ширкати мутахассисон ва сокинони маҳал дар тули як ҳафта бартараф шуд.

Кормандони Маркази обуҳавосанҷии вилоят мегӯянд, чанд сол кабл яхсел дар Горчвини ноҳияи Шуғнон дар ҷои камбари дарё ҷамъ шуда, маҷрои дарёро баста буд.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, шаҳри Хоруғ
XS
SM
MD
LG