Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуқӯъи заминларза дар қаламрави Тоҷикистон


Маркази зилзиланигории Тоҷикистон хабар додааст,ки шаби нуҳуми январи соли равон соати даҳу бист дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави ин кишвар заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилоъи ин марказ конуни аслии заминларза 180 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар имтидоди марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон қарор доштааст.

Қудрати заминларза дар маҳали вуқӯъи он тибқи бароварди Маркази зилзиланигории Тоҷикистон баробар ба панҷ дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст.

Аммо дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе гуфта мешавад нерӯи заминларза 3,5 - 4 дараҷаро ташкил додааст.То кунун ҳеҷ омор аз сӯи мақомоти зирабти Тоҷикистон дар мавриди талафоту мизони хисороти эҳтимолии моддии заминларза гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG