Пайвандҳои дастрасӣ

Леко - нахустин барандаи Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот


Дар ин мусобиқот, ки бо ибтикори Созмони шатранҷбозони ҳирфаӣ ва кӯмаки молиявии бонки «Пивденний» баргузор шуд, 16 нафар беҳтарин шатранҷбозон аз 13 кишвари ҷаҳон тӯли чаҳор рӯз рақобат карданд.

Петер Леко дар бозии ниҳоӣ бар шатранҷбози Укроин Василий Иванчук бо натиҷаи 2,5 : 1,5 ғалаба кард ва соҳиби 40 ҳазор доллари амрикоӣ гардид. Ба Василий Иванчук, ки мақоми дуввумро касб кард, 20 ҳазор доллар супурда шуд.Темур Раҷабов, аз Озарбойҷон ва Борис Гелфанд, аз Исроил, ки дар даври ниманиҳоӣ мағлуб шуданд, ҳар кадом 10 ҳазор доллар гирифтанд. Ба чаҳор нафар шатранҷбозоне, ки дар даври чаҳорякниҳоӣ шикаст хӯрданд, шаш ҳазор долларӣ эҳдо шуд. Ҳашт нафар шатранҷбозони дар даври муқаддамотӣ, яъне ҳаштякниҳоӣ ба мағлубият дучоршуда, минҷумла намояндаи Тоҷикистон Фаррух Амонатов соҳиби чаҳор ҳазор долларӣ гардиданд. Ёдовар мешавем, шатранҷбози тоҷик дар бозии ҳаштякниҳоӣ аз шатранҷбози Укроин Василий Иванчук бо натиҷаи 0 : 2 мағлуб гаштааст.

Ва як хабар аз ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе.

Дар ин мусобиқот, ки дар толори мактаби шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон баргузор шудааст, беш аз 70 нафар шатранҷбозони то 20 - сола дар чаҳор гурӯҳ рақобат доранд. Дар сабқати шатранҷбозони то 12-сола Султон Исҳоқов ва Алиёр Чоршанбеев, ки ҳар кадом аз 8 бозӣ 7 имтиёз ба даст овардааст, дар мақоми аввал қарор гирифтаанд. Шаҳбоз Мақсудов бо 6,5 имтиёз аз 8 дидор миёни бачаҳои то 14-сола пешсаф аст. Дар байни наврасони то 16-сола Филолишоҳи Некрой пас аз ҷамъбасти ҳашт даври мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад. Икром Илҳомзода миёни ҷавонони то 20-сола бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Вай дар ҳамаи ҳафт бозӣ бар ҳарифони худ дастболо шудааст.

Сабқати духтарони шатранҷбоз новобаста аз синну солашон дар як гурӯҳ баргузор шудааст. Қабл аз оғози даври охирини мусобиқот Марворид Насриддинова бо 7,5 имтиёз аз 8 бозӣ дар мақоми аввал мебошад. Меҳрангез Раҳматова бо 7 имтиёз дар мақоми дуввум ва Асила Мӯҳтоҷева бо 6,5 имтиёз дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG