Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуди газ ва бӯи нафт


ЧАРО 100?

Тавре ба назар мерасад, 100 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб ба як ченаки умумӣ дар муомилот ва ҳисобу китобҳои имсолаи қарордодҳои газӣ табдил меёбад. Бори аввал ин рақамро дар тобистони гузашта ва мақомоти Туркманистон ба забон оварданд. Ишқобод ҳанӯз дар моҳи июл ширкати "Газпром"-и Русияро ҳушдор дод, ки дар сурати напазируфтани чунин нарх содироти гази табииро ба ин ширкат алакай аз поёни моҳи август қатъ мекунад. Дар оғози тирамоҳ Узбакистон тавассути "Узтрансгаз", ширкати масъули содироти куллия гази тавлидоти ин кишвар ҳамсояҳояш - Тоҷикистону Қирғизистонро огоҳ кард, ки аз соли нави 2007-ум қимати ҳазор метр мукааби газашро низ 100 доллар муқаррар мекунад. Ин дар ҳолест, ки соли 2005-ум ҳазор метри мукааби гази Узбакистон барои ин кишварҳо ҳамагӣ 40 доллар тамом мешуд ва дар тӯли соли 2006-ум Тоҷикистону Қирғизистон гази табииро аз Узбакистон алакай ба қимати 55 доллар барои ҳазор метри мукааб харидорӣ мекарданд.

Ин хабар, ки нархи газ акнун ба 100 доллар мерасад, албатта, вокуниши билофосила ва манфии мақомоти Душанбеву Бишкекро ба вуҷуд овард, вале дар ниҳоят ба маҳзи адами манобеъи дигари алтернативӣ ҳарду кишвар ба нархи пешниҳодии Тошканд ризоият доданд ва дигар дар андешаи барои аҳолӣ ва корхонаҳо боло бурдани нархи истифодаи газ афтоданд. Ва аммо айни масъала Русияву Беларус, ду кишвари гӯё шарик ва муттаҳиди стротежиро дучори шояд амиқтарин бӯҳрон дар таърихи 15-солаи равоби байни Минску Маскав кард.


ГАЗУ НАФТ БА ҲАМ ОМЕХТ


Арафаи соли нави мелодиро мақомоти Русияву Беларус сарфи музокирот бар сари нархи газ карданд. Бар асоси тавофуқе, ки дар охирин соъоти соли 2006 ба даст омад, нархи ҳазор метри мукааби гази русӣ барои Беларус дар соли нави 2007-ум 100 долларро ташкил хоҳад дод, яъне беш аз 2 маротиба бештар аз 46 доларе, ки Минск солҳои гузашта барои ҳаимн миқдори газ ба Маскав мепардохт. Айни иқдом, яъне боло бурдани қимати газ барои Украинаву Молдова ва Гурҷистон ва Молдова дар як соли пеш аз сӯи ин ҳар се кишвар як иқдоми бештар сиёсӣ арзёбӣ шуд ва Киев ва Тифлису Кишинёв ҷиҳати исботи ин даъво бетағйир боқӣ мондани нархи газ барои Беларус, кишвари дӯст ва муттаҳиди Русияро далел меоварданд. Ва Русия акнун бо боло бурдани нархи газ барои Беларус гӯё мехоҳад нишон диҳад, ки ин иқдомоташ кадом дарунмояи сиёсӣ надоранд.

Ва аммо раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, ки нороҳатиаш аз ин қадами Маскавро пинҳон намекунад, гуфт, кишвари ӯ акнун ба як воқеъияти нави иқтисодӣ рӯбарӯ мешавад. Оқои Лукашенко баъдан ба мақомоти давлаташ дастур дод, аз иқдомоти ҷавобӣ кор бигиранд ва нафақат қимати транзити нафту газ, балки қимати иҷораи замини пойгоҳҳои низомии Русия мустақар дар қаламрави Беларус низ мавриди таҷдиди назар қарор диҳанд.

Сарвазири Беларус Сергей Сидорский гуфтааст, умедвор аст, Русияву Беларус то 15 январ бар сари масъалаи транзити нафт даст ба тавофуқ хоҳанд ёфт. Вале алакай баъди чанд соати пахши изҳороти шадидуллаҳни президент Лукашенко, мақомоти Беларус эълом карданд, ки рӯи транзити ҳар як тонна нафти Русия, ки тавассути қаламрави Беларус ба Аврупо нақл мешаванд, 45 доллар боҷӣ гумрукӣ хоҳанд андохт. Ин иқдом дар посух ба қарори Маскав дар бораи коҳиш додани содироти нафт ба Беларус гирифта шудааст. Аммо Сергей Григорйев, муовини раиси ширкати русии "Транснефт" гуфта, ки Беларус ҳаққ надорад ба сурати якҷоинба ва бидуни ризоияти Русия даст ба чунин як иқдом бизанад.

Минск қаблан ҳамин тавр таҳдид карда буд, ки дар ғайри сурати ахзи тавофуқ бар сари нархи газ монеъи транзити ин навъи маводи сӯхт ба Аврупо тавассути лӯлаҳое хоҳад шуд, ки аз қаламрави Беларус мегузаранд.
Аммо ҳатто ин таҳдиди лафзӣ ҳам мояи нигарониҳои ҷиддӣ дар қораи Аврупо шудааст. Ин қора дар авоили соли гузашта коҳиш ёфтани содироти гази Русияро дар пайи танишаш бар сари нархи газ бо Украина бо чашми сар дида буд. Русия тақрибан чаҳоряки ниёзмандиҳои Иттиҳодияи Аврупо (ИА) бо гази табииро бароварда месозад ва 20 дарсади содироти газаш ба Аврупоро аз роҳи Беларус ва бақияро тавассути қаламрави Украина анҷом медиҳад.

Рӯзи панҷшанбе коршиносони риштаи гази ИА дар Бруксел дар ҳузури сафири Беларус ба баҳси ин мавзӯъ пардохтаанд. Ва гуфтанист, ки аз замони ба иллати хилофи усули демократия роҳ рафтанаш таҳти таҳримоти ИА қарор гирифтани Беларус бори аввал буда, ки сафири Минск барои ширкат дар чорабиниҳои ин созмон даъват шудааст, ки низ ба аҳамияти хоси ин масъала барои Бруксел далолат мекунад. Ин нишаст баҳси нархи газро аз масоили марбут ба равобити дуҷонибаи Русияву Беларус дониста, аммо зимнан изҳори умедворӣ кардааст, ки ин мавзӯъ ба таъмини харидорони маводи сӯхт дар Аврупо осори манфие аз худ нахоҳад гузошт. Тарраделас Эспуни, сухангӯи Кумиссиюни Аврупо, ниҳоди иҷроияи ИА дар робита ба ҷорӣ шудани боҷи гумрукӣ рӯи нафти транзитии Русия аз сӯи Беларус гуфт: "Албатта, ин мавзӯъи равобити дуҷонибаи Русияву Беларус аст. Ва мо умедворем, албатта, ки ин масъала таъсири манфие ба амнияти тавзеъи нафт ба ИА таъсире намегузорад. Ва мо ҳамчунин умедворем, ки ихтилофи назар байни ин ду ҷониб иҷозат хоҳад дод, ки тавзеъи нафт ба харидорон тибқи нархҳои аз қабл таъйиншуда сурат бигирад."

Беларус солона аз Русия то 20 миллиард метир мукааб газ ворид мекунад ва акнун, ки ҳазор метри мукааби газ барояш 100 доллар тамом мешавад, ин кишвар маҷбур ҳаст солона ба Русия 1 миллиард доллар бештар пули газ бипардозад.


ВА АММО ТОҶИКИСТОН...


Албатта, воридоти гази Тоҷикистон дар муқоиса ба Беларус ба маротиб камтар аст ва солона чизе дар ҳудуди 650 - 700 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Ва аммо агар Душанбе соли гузашта барои ин миқдори газ ба Узбакистон ҳудуди 40 миллион доллар пардохта бошад, имсол барои айни миқдор маҷбур мешавад ҳудуди 70 миллион доллар бипардозад. Яъне тақрибан 30 миллион доллар бештар аз соли гузашта. Мақомоти ширкати гази Тоҷикистон мегӯянд, ширкати "Узтрансгаз" розӣ ҳаст дар сурати пеш омадани зарурат ҳаҷми аз ин бештари газро низ ба Тоҷикистон интиқол диҳад, вале танҳо дар сурати пешпардохти маблағи он. Мақомоти ширкати гази Тоҷикистон бо ин ҳол, ҷамъваории пули газ аз аҳолӣ ва корхонаҳоро аз умдатарин масоли ҳаллношуда ва истода дар назди ин ширкат меҳисобанд. Тайи соли гузашта воридоти газ аз Узбакистон чанд дафъа ба иллати то 3 ё 4 миллион доллар ҷамъ шудани қарзи ширкати Тоҷикгаз аз "Узтрансгаз" мутаваққиф шуд. Ва ин дар ҳолест, ки танҳо аҳолии як шаҳри Душанбе аз ширкати газ наздики 40 миллион доллар қарздор будааст.

Як иллати чунин бузург шудани бори қарзи аҳолӣ аз истифодаи газагар заъфи қобилияти молии мардум бошад, иллати дигар, ки мақомот ҳам эътирофаш мекунанд, фасодзадагии нозирони масъули ҷамъоварии пули газу барқ аст. Бо ин вуҷуд, дар пайи боло рафтани қимати фурӯши гази Узбакистон мақомоти вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон дар фикри боз ҳам боло бурдани нархи газ барои аҳолӣ ва корхонаҳо дар дохили кишвар шудаанд. То кунун аҳолӣ барои ҳазор метри мукааби газ ҳудуди 85 доллар мепардохт, вале бо ин ки нархи ин миқдор гази табииро "Узтрансгаз" барои Тоҷикистон аз соли нав 100 доллар таъйин кардааст, пешниҳод шуда, ки нархи ҳазор метри мукааби газ ба аҳолӣ аз ин ба баъд тақрибан дар ҳудуди 130 доллар таъйин карда шавад. Ба ҳар сурат, пешниҳоди вазорати саноат ва энержӣ дар ҳоли ҳозир барои имзои ниҳоӣ дар маърази баррасии раисиҷумҳур ва мушовиронаш қарор доштааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти давлати Тоҷикистон ба хотири таъмини ниёзмандиҳои мардум ва иқтисод ба маводи сӯхт ба таври ҷиддӣ дар андешаи пайдо кардани манобеъи алтернативӣ уфтодаанд. Як чунин манбаъи алтернативӣ, албатта, истифодаи муассиртар аз конҳои дохилист ва ба ин манзур ахиран "Зарубежнефтегаз", корхонаи марбут ба ширкати "Газпром", бузургтарин тавлидкунанда ва фурӯшандаи гази Русия аз сӯи давлати Тоҷикистон барои таҳқиқи захираҳои гази ин кишвар хатти муҷавиз дарёфт кард. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор ва корманди пажӯҳишгоҳи иқтисодии марбут ба вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, зимнан роҳҳои коҳиш додани истифодаи газ дар корхонаҳои бузурги саноатӣ ва аз ҷумла ба истифодаи ангишт гузарондани корхонаи сементи Душанбе дар маърази баррасии мақомот ва коршиносон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG