Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои нахуствазири Қазоқистон


NA

Дониёл Аҳмадов - нахуствазири Қазоқистон имрӯз 8- январ аз мақоми худ истеъфо дод ва раиси ҷумҳурии ин кишвар Нурсултон Назарбоев ба аризаи истеъфои ӯ имзо гузошт.


Дониёл Аҳмадови 52 соларо, ки доктори илми иқтисод аст ва 3 сол ҳукумати кишварро сарварӣ намуд, имкон дорад муовини ӯ Карим Масимов иваз намояд. Сарвари давлат алъон Карим Масимовро ба ин вазифа пешниҳод кардааст. Карим Масимови 41 сола чун сарвари пешини ҳукумат доктори илми иқтисод аст ва бо чаҳор забон - англисӣ,чиноӣ,арабӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.


Вай қабл аз ба ин мансаб пешниҳод гардиданаш дар вазифаҳои вазири нақлиёт ва иртиботот,муовини нахуствазир ва ёвари раиси ҷумҳур кор кард ва аз соли гузашта ҳамзамон ду вазифа муовини нахуствазиру вазири иқтисод ва тарҳрезии буҷаро бар дӯш дошт.


Тибқи моддаи 70- и Қонуни Асосии кишвар бо пазируфтани истеъфои нахуствазир фаъолияти ҳукумат низ қатъ мегардад ва парлумон ба раиси ҷумҳур иҷоза медиҳад,ки нахуствазири навро таъин намояд. Ҷаласаи муштараки ҳарду Маҷлиси парлумони кишвар рӯзи 10 -январ баргузор хоҳад гардид.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG