Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкилоти марзӣ дар порлумони Қирғизистон


ма

Рӯзи душанбе порлумони Қирғизистон масъалаи ришваситонии марзбонони Ӯзбакистонро дар масири Ботканд-Ӯш мавриди баррасӣ қарор дод. Ба гуфтаи вакилони мардумӣ нақлиёти борбару мусофиркаш ҳаноми убури ноҳияҳои Сӯх ва Олтиариқи вилояти Фарғона ба таҳқири марзбонони Ӯзбакистон мувоҷеҳ мешаванд.


Нуъмонҷон Арқабоев-депутати парламенти Қирғизистон мегӯяд, ҳукумати кишвараш муваззаф аст, ки бо мақомоти кишвари ҳамсоя вориди музокира шавад, дар акси ҳол косаи сабри мардум рӯзе лабрез хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, марзбонони Ӯзбакистон барои сокинони ноҳияи Қадамҷо аз соати 8-и шом то 8-и субҳ қуюди шабгардӣ эълон кардаанд, ки ғайриқонун буда, боиси норизоиҳо шудааст.


Ба гуфтаи вакили дигар, Мурод Ҷӯраев, ходимони гумруки Ӯзбакистон аз ҳар мошини борбар ва мусофиркаши қирғиз, ки қаламрави ноҳияи Сухи Ӯзбакистонро убур мекунад, тақозо кардаанд, ки 300 доллари амрикоӣ пардозанд.


Дар ҳамин ҳол мақомоти вилояти Ботканд тасмим гирифтаанд, ки ба бунёди роҳи давравии Ботканд-Ӯш шурӯъ кунанд. Ба гуфтаи Султон Ойҷигитов-раиси ҳукумати вилояти Ботканд бунёди роҳи давравии Ботканд-Ӯш дар ҳудуди 20 миллион долларро тақозо хоҳад кард. Вай афзуд, бунёди ин роҳ дар радифи мушкилоти мусофирони қирғиз равуои мусофирони тоҷикро низ хеле сода хоҳад кард.

Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG