Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Фаррух Амонатов дар Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот


Вай дар замони асосии бозии ҳаштякниҳоӣ аз шатранҷбози Укроин Василий Иванчук бо натиҷаи 0 : 2 мағлуб гашт. Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов аз идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳонӣ бенасиб монд.

Дар ҳафт бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ Петер Леко, аз Маҷористон бар Иван Соколов, аз Ҳолланд, Сергей Рублёвский, аз Русия бар Аркадий Найдич, аз Олмон, Алексей Широв, аз Испаниё бар Иля Смирин, аз Исроил, Борис Гелфанд, аз Исроил бар Хикару Накамура, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Александр Морозевич, аз Русия бар Пентала Харикришна, аз Ҳиндустон, Темур Раҷабов, аз Озарбойҷон бар Евгений Бареев, аз Русия ва Этйен Бакро, аз Фаронса бар Виорел Бологан, аз Молдова пирӯз шуданд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Петер Леко бар Сергей Рублёвский, Борис Гелфанд бар Алексей Широв, Темур Раҷабов бар Александр Морозевич ва Этйен Бакро бар Василий Иванчук ғалаба карданд.
Бад-ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ Гелфанд бо Леко ва Иванчук бо Раҷабов рақобат мекунанд.

Нахустин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба шоҳмоти босуръат, ки бо ибтикори Созмони шатранҷбозони ҳирфаӣ ва кӯмаки молиявии бонки «Пивденний» баргузор шудааст, шоми душанбеи ҳаштуми январ ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG