Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан


Ҳоҷиёнро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе хешу наздикон, вакилони мақомоти расмӣ ва мазҳабӣ ва намояндагони расонаҳои ахбори ом пешвоз гирифтанд.


Тайи ду шаби гузашта садҳо нафар аз ҳоҷиёни тоҷик дар чанд парвози пайиҳам аз фурудгоҳи Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд. Онҳо мегӯянд, сафари ҳаҷро бо муваффақият ба поён расонданд ва умедворанд, зиёрати онҳо қабулу муродашон ҳосил гардад. Имсол зиёда аз чор ҳазору шашсад шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати Каъба мушарраф шуданд ва як нафари онҳо, ки дар Макка фавтид он ҷо мадфан ёфт.


Намояндаи ширкати ҳавопаймоии "ТоҷикЭйр" гуфт, бозгашти ҳоҷиён бо дастури Раёсати умури дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон амалӣ шуда, то нимаҳои дуввуми моҳ идома хоҳад кард. Ҳоҷиёни тоҷик, ки барояшон иҷрои яке аз панҷ фаризаҳои ислом муяссар шудааст, дар рӯзҳои оянда бо ҳамдиёрон менишинанд ва аз таассуроти сафари худ нақл карда, ба дӯстону пайвандон оби чашмаи Замзам пешкаш мекунанд.
XS
SM
MD
LG