Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳама гуна эҳтимоли ҳамла ба Эронро рад кард


Исроил хабарҳои матбуъотро, ки гӯё тарҳи зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти ҳастаии Эронро омода сохтааст, рад кард. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Исроил Марк Регев гуфт, кишвараш ба таври комил аз талошҳои дипломатии ҳалли сулҳомези масъала пуштибонӣ мекунад.


Ба нақл аз манобеъи ҳарбии Исроил, рӯзномаи бритониёии "Санди Таймс" хабар дода буд, ки Исроил мехоҳад, се иншооти ҳастаии Эронро дар ҷануби Теҳрон ҳадаф қарор диҳад ва барномаи ғанисозии ураниумро аз байн барад. Рӯзнома афзудааст, ки таровиши ин иттилоъ шояд аҳдофи равонӣ дорад, то ба Теҳрон фишор оварда шавад.


Эрон дар навбати худ ҳушдор дод, ки ба ҳама гуна барномаи ҳарбии Исроил посухи сазовор хоҳад дод. Намояндаи Вазорати корҳои берунаи Эрон Муҳаммадалии Ҳусайнӣ гуфт, иддаъои ҳамла ба маънии заъфи тарафи муқобил аст ва ба иродаи мардуми Эрон таъсир нахоҳад дошт. Ҳамзамон вай афзуд, кишвараш ба Паймони адами густариши силоҳи ҳастаӣ содиқ аст ва мақсад надорад, ҳамкориро бо Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG