Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли равобити Чину Тоҷикистон


Тибқи ахбори расмӣ, аввалин сафари хориҷии Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2007 ба Ҷумҳурии мардумии Чин сурат мегирад. Ба эътиқодони коршиносон, агар соли 2006 соли муваффақиятҳои Чин дар Тоҷикистон бошад, соли 2007 армуғонҳои аз ин беҳтари чиноиро барои Тоҷикистон дар бағал хоҳад дошт.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, тайи 15 соли равобити дуҷониба ҳузури Чин дар Тоҷикистон то он даме тира буд, ки баҳсҳои аз замони Шӯравӣ боқимондаи марзӣ миёни ду кишвар идома доштанд: «Аз Тоҷикистон Чин метавонист 28 ҳазор километри мураббаъ даъво намояд, вале дар охир ин масъала ҳамагӣ бо 1 ҳазор маҳдуд шуд, 27 ҳазори дигар дар тарафи Тоҷикистон монд. Ин мавзӯъ сабаб шуд, ки муносибати мо бо Чин хеле хуб шуд. Чин дар баробари Тоҷикистон дигар даъво надорад. Чин аз кишварҳое буд, ки аввалин бор истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор кард. Танҳо баҳсҳои марзӣ буданд, ки равобитро тира месохтанд ва ҳоло мо наметавонем гӯем, ки дар байни мо масъалае вуҷуд дорад»

Тайи соли 2006 Чин дар Тоҷикистон муваффақ ба шурӯъи сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва як хатти интиқоли барқ аз ҷануб ба шимоли Тоҷикистон шуд. Дар маҷмӯъ Чин ҳудуди 700 миллион доллари амрикоиро ба ин барномаҳо ихтисос додааст. Ҳамчунин тибқи иттилои расмӣ, Чин тасмим гирифтааст барои сохтмони нирӯгоҳи Ёвон сари рӯдхонаи Зарафшон 90 миллион доллари амрикоӣ диҳад. Гуфта мешавад, ки дар соли 2006 Чин ба қатори умдатарин маблағгузорони Тоҷикистон ворид шуд.

Як идда коршиносон бар онанд, ки Чин дар баробари кишварҳои дигари нуфузҷӯ дар Осиёи Марказӣ, аз қабили Русия, ИМА ва Ирон сиёсатҳои муваффақонатареро ба дунбол доштааст. Исмоил Раҳматов, коршиноси умури сиёсӣ гуфт, Тоҷикистон барои қаробати бештар ба Русияву ИМА ва Ирон эҳтиёткорӣ мекунад. Вай афзуд, ин кишварҳо дар баробари кӯмак ба иқтисоди кишвар ҳадафҳои сиёсиашонро низ пинҳон намедоранд ва гоҳо дахолаташон ошкор будааст: «Сиёсати хориҷии кишвари Чин дахолат накардан ба умури дохилаи кишварҳои дигар аст. Замоне, ки ҷаҳон дуқутба буд, яъне собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА дар ҷаҳон ҳукмронӣ мекарданд, солҳои ҷанги сард, кишвари Чин ҳам ба умури дохилии кишварҳои атроф дахолат мекард. Вале ҳоло мебинем, ки Чин ба умури дохилии кишварҳои дигар дахолат намекунад, масалан, Афғонистон. Агар дахолат ҳам кунад ноаён.»


Дар ҳамин ҳол, Рустам Ҳайдаров, коршиноси дигари масъалаҳои сиёсӣ мегӯяд, тайи 15 сол аз Чин дар Душанбе фақат ҳарф буд, аммо ҳоло дар пойтахти Тоҷикистон чеҳраҳои зиндаи чиноиро ба чашм мешавад дид. Вай афзуд, Чин муваффақтарин қудрат дар Тоҷикистон аст ва ин муваффақиятҳо аслан иқтисодӣ будаанд: «Албатта, ин ба сиёсати худи Чин вобаста аст, ки он оромона, бе ягон додувой, яъне ботамкин сиёсатҳои иқтисодии худро дар Тоҷикистон пиёда сохтанд. Ва он қудрате, ки таъсири худро ба иқтисоди кишвар расонд, дер ё зуд дар сиёсат ҳам таъсири худро мерасонад. Яъне Чин бо роҳҳои иқтисодӣ стратегияҳои худро дар Тоҷикистон пиёда мекунад»

Аммо, меафзояд оқои Ҳайдаров, агар Тоҷикистон дар баробари сиёсатҳои иқтисодии Чин як барномае надошта бошад, оғӯши «аждаҳои сурх» кушанда хоҳад буд, зеро дар стратегияи миллии Чин ҷойгузинии атбояш дар кишварҳои дигар як масъалаи муҳим арзёбӣ шудааст. Оқои Ҳайдаров афзуд, ба эҳтимоли қавӣ фазои аз ҳудуди якуним миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик холишудаи Тоҷикистонро чиноиҳо пур хоҳанд кард. Бо ин вуҷуд, аксари коршиносон бар онанд, ки дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистон метавонад, барои иҷрои барномаҳои бузурги миллиаш аз ёриҳои Чин истифода кунад ва ноилоҷ имтиёзҳоеро низ ба ин кишвар қойил шавад.
XS
SM
MD
LG