Пайвандҳои дастрасӣ

Оё афзоиши нархи нирӯи барқ гурезнопазир аст?


шаҳри Душанбе Ҳукумати Тоҷикистон барномаи афзойиши тадриҷии қимати барқро баррасӣ мекунад.

Бо вуҷуди талошҳои бунёди нирӯгоҳҳои нави барқи обӣ, Тоҷикистон зоҳиран ба афзоиши ногузири нархи нирӯи барқ рӯбарӯ хоҳад шуд. Рашид Гулов, сарвари раёсати сиёсати энержии Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, боло бурдани қимати барқ марҳала ба марҳала сурат мегирад. Вай афзуд, ба ин мақсад як кумиссиюни вижа фаъол шудааст. Оқои Гулов иллати ин гуна иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро ин гуна арзёбӣ кард: «Ҳамин тарифро агар мо давра ба давра зиёд накунем, баргардонидани саҳмияҳое, ки ҳоло дар сохтмони нирӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ гузошта шудаанд, имконнопазир мегардад»


Вай афзуд, то соли 2010 ҳадди миёнаи қимати барқ дар Тоҷикистон бояд ба 2 сент, ҳудуди 7 дирам расонида шавад. Тибқи иттилои Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир қимати 1 киловатт нирӯи барқ барои корхонаҳои саноатӣ 2,66 дирам, барои хоҷагиҳои деҳот 4,97, барои муассисаҳои буҷавӣ 1,6 ва тиҷоратӣ 4,9 дирам муқаррар шудааст. Сокинони кишвар барои истифодаи то 250 киловатт соат 1,6 ва аз ин меъёр зиёд 2,7 дирам пардохт мекунанд.


Қаблан Оҷонсии зиддиинҳисор ва дастгирии соҳибкории Тоҷикистон аз пешниҳоди Вазорати энержӣ ва саноъат дар мавриди афзойиши қимати барқ ҷонибдорӣ карда буд. Гуфта мешуд, қимати барқ аз 1 январи соли равон ба 40% боло бурда мешавад.


Рашид Гулов, сарвари раёсати сиёсати энержии Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ба афзудани қимати барқ тасмим нагирифтааст ва коммисиюнеро, ки фаъол кардааст, барномаи марҳала ба марҳалаи афзудани қимати барқро то соли 2010 амалӣ хоҳад кард.


Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар онанд, ки боло бурдани қимати барқ барои аҳолии кишвар воқеӣ нест. Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили барқ гуфт, қимати барқ барои мардуми Тоҷикистон танҳо дар ҳоле воқеӣ буда метавонад, ки ба ҳадди миёнаи маош мувофиқат кунад. Оқои Сайфиддинов афзуд: «Арзиши аслии барқ дар Ӯзбакистон қариб даҳ маротиба аз мо зиёд аст, маоши мардумаш ҳам баландтар. Мутаносибан нархҳоро муайян кардан зарур аст. Дар Ӯзбакистон зиӣда аз 90 фисади барқ бо сӯзишворӣ истеҳсол мешавад. Агар ГРЭС-и Сирдарё 3 миллион киловат соат барқ истеҳол кунад, ГЭС-и Норак ҳам ҳамин қадар истеҳсол мекунад, аммо дар аввалӣ 2800 нафар кор мекунад, дар дуввумӣ ҳамагӣ 400 нафар! Ин куҷову он куҷо? Ба қурби маош нигоҳ карда, нархро бардоштан даркор.»

Ба иттилои Вазорати энержӣ ва саноъат, аз аввали соли равон то ба ҳол Тоҷикистон 12 миллион киловатт-соат барқ аз Ӯзбакистон ва ҳамарӯза ҳудуди 2 миллион киловатт-соат аз Қирғизистон ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG