Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили Ироқ оё чӣ ҳалле дорад?


Ба фикри ман, Амрико бояд Ироқро ба дасти ироқиҳо супорад ва аммо баъд аз ҳалли мушкили худ бо Эрон ва тағйири режим дар ин кишвар. Амрико бояд бо ҳар роҳ ки бошад, дар Эрон ҳукуматеро ба қудрат расонад, ки пеш аз ҳама дар ғами мардуми ин кишвар бошад, на дар фикри пуштибонӣ аз терроризми байнулмилал ва фишор ба Ироқу Лубнон.

Миришаб
----------------------------------------

Бо арзи салом,
Ман чунин фикр мекунам, ки барои ҳалли мушкили Ироқ:

1. Бояд кишварҳои ҳамсояро ба ин масъала ҷалб кард. Эрону Сурия ки ҳар кадом дорои нуфузи худ дар Ироқ астанд.
2. Ҳукумати муваққатии муштарак бояд ташкил шавад, ки ба он ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ бояд шомил бошанд.
3. Даст кашидан аз интиқомҷӯӣ, ҳам аз тарафи "ҳукумати" Ироқ ва ҳам аз тарафи гурӯҳҳои дигари миллӣ ва мазҳабӣ. Чунки тафсилоти эъдоми Саддом Хусейн боиси боз ҳам печидатар шудани авзои сиёсии Ироқ шудааст. 4. Халъи силоҳи гуруҳҳои ҷиноятпеша, ки дар авзои ҳозираи Ироқ муҳим буда, дар як вақт кори хеле душвор аст. 5. Албатта, ман бо шунавандаи гиромӣ Далер, розӣ ҳастам, артиши Амрико бояд ҳозир аз Ироқ хориҷ нашавад, вагарна Ироқ тамоман ба як ботлоқи сиёсӣ мубаддал хоҳад шуд, ки дар он ҳам Эрону Сурия ва ҳам кишварҳои дигари ҷаҳон, хоҳанд ғӯтид.

Бо эҳтиром
Мақсад
------------------------------------

Мушкили Ироқ дар он ҳол ҳалли худро меёбад, ки байни сунниҳо ва шиъаҳо якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд биёяд. Дар ин ҳол онҳо метавонанд, давлати воҳиде таъсис диҳанд.
Баҳман
---------------------------------------

Бо арзи салом ва хаста набошед хидмати кормандони радиои Озодӣ!
Ба назари ман, хуруҷи артиши Амрико аз Ироқ ва ҳамчунин ташкили яе ҷаласа аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид барои ба дасти худи ироқиҳо супурдани ҳокимияти комил ва беҳбуди зиндагии мардум дар Ироқ як роҳ аст. Ва бояд тасмимгирии рӯҳониёни Ироқ дар миён бошад, ба монанди оятуллоҳ Сиистонӣ, ки нуфузи зиёд дорад ва диламш ба мардумонаш месӯзад.

Бо эҳтироми фаровон Далер Мирзоев аз Португалия
-----------------------------------------

Ассалом, ҳамватанони азиз.

Ман фикр мекунам, ҳалли ягона ин аст, ки бояд боз як ҳокими золими дигаре ояд, то тавонад, ҳамаро якҷо кунад.

Аминҷон
---------------------------------------

Салом, дӯстон!

Ба назари ман, мушкили Ироқро метавон бо ин роҳҳо ҳал кард:

1. Хуруҷи Амрико ва ғарбиҳо ва ба ҷои онҳо дохил шудани як артиши мустақили давлатҳои исломӣ барои як муддати маҳдуд то барқарории амният ва сулҳ.

2. Ташкили ҳукумати муштарак ва тақсими қудрат байни гурӯҳҳои ироқӣ ба таври одилона.

3. Алоқаи дипломатии мустаҳкам бо тамоми кишварҳои ҳамсояи Ироқ.

4. Гирифтани қарори одилона Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати кишварҳои ғайри узви доимии Шӯрои Амният.

Ташаккур.
Аҳмад
----------------------------------------

Cалом ба халқи азизи тоҷик ва коркунони радиои Озодӣ!

Вазъи ҳозираи Ироқ ин натиҷаи кори Амрико ва баъд дахолати ҳаматарафaи манфии Ирон аст. Ман фикр мекунам, алъон роҳи ҳалли ин масъала дар рафтани артиши Амрико нест. Дар ин вазъият Ироқро тарк кардани нирӯҳои амрикоӣ ба вазъи ноҳинҷори ироқиён боз ҳам дучанд зарба мезанад.

Афзоиш ёфтани нируҳои амрикоӣ ба ҳалли масъала таъсири мусбат мерасонад. Ва роҳи дигари мусбат ин гуфтушунид аст, хусусан бо Ирон ва баъд бо Сурия. Ҳоло ки муносибат дар байни Амрико ва Ирон хуб нест, Ирон тарафдори он аст, ки ҳолати нохуши артиши Амрико нохуштар гардад ва ба ин даст ҳам дорад.

Далер
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG