Пайвандҳои дастрасӣ

Болорафти тадриҷии нархи барқ дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи коркарди механизми афзойиши тадриҷии қимати барқ дар қаламрави кишвар шудааст. Рашид Гулов, сарвари раёсати сиёсати энержии Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ба ин мақсад як кумисиюни вижа таъсис ёфтааст: «Ҳамин тарифро агар мо давра ба давра зиёд накунем, баргардонидани саҳмияҳое, ки ҳоло дар сохтмони нирӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ гузошта шудаанд, имконнопазир мегардад.»


Вай афзуд, то соли 2010 ҳадди миёнаи қимати барқ дар Тоҷикистон бояд ба 2 сент ё ҳудуди 7 дирам расонида шавад. Тибқи иттилои Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир қимати 1 квт барқ барои корхонаҳои саноатӣ 2,66, барои хоҷагиҳои деҳот 4,97, барои муассисаҳои буҷавӣ 1,6 ва тиҷоратӣ 4,9 дирам муқаррар шудааст. Сокинони кишвар барои истифодаи то 250 киловатт соат 1,6 ва аз ин меъёр зиёд 2,7 дирам пардохт мекунанд.


Кумиссюни давлатии тағйири нархи барқ дар ҳоле таъсис меёбад, ки Оҷонсии зиддиинҳисор ва дастгирии соҳибкории Тоҷикистон аз пешниҳоди афзойиши қимати барқ ҷонибдорӣ кардаааст. Вале коршинсони мустақил мегӯянд, ин иқдом ба зиндагии 64 дарсади аҳолӣ, ки поинтар аз сатҳи фақр ба сар мебаранд, таъсири манфӣ хоҳад дошт. Ба иттилои вазорати энержӣ ва саноат, аз аввали соли равон то ба ҳол Тоҷикистон 12 миллион квт соат барқ аз Ӯзбекистон ва ҳамарӯза ҳудуди 2 миллион квт соат аз Қирғизистон ворид мекунад.

Фарҳоди Милод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG