Пайвандҳои дастрасӣ

Нэнси Пелоси -- раиси маҷлиси Амрико


Нэнси Пелоси гуфт, баргузида шудани ӯ ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон Амрикоро ба ормони баробарии зану мард, ҳамчун мероси таърихӣ ва умеду орзуи Амрико, қадаме наздиктар кардааст.

Бо вуҷуди ин, ба ақидаи коршиносон, баргузида шудани ӯ як расмияти муқаррарӣ буд, пас аз пирӯзии демократҳо дар интихоботи миёндавраии моҳи ноябр, ки қисман аз ноқаноатмандии амрикоиён аз ҷанги Ироқ маншаъ гирифтааст. Демократҳо ҳамчунин бо як бартарии борике дар интихоботи Сено пирӯз шуданд ва акнун аввалин бор дар шаш соли раёсати Буш назорати ҳарду палатаи порлумонро дар даст доранд.

Дар нахустин сухани худ Пелоси гуфт, мансабро бо умеди ҳамкории байни ҳизбҳо пазируфтааст, на яккаҳизбӣ. Вай гуфт, умедвор аст, дар Конгресс якҷо бо Ҳизби ҷумҳурихоҳи Буш ба манфиати мардуми Амрико амал хоҳад кард. Пелоси инчунин гуфт, интихоботи моҳи ноябр як паёми мардуми Амрикост, ки мехоҳад, таваққӯъи бепоёни ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаро дар Ироқ рад кунад: "Интихоботи соли 2006 даъвате ба тағйир буд. На танҳо тағйир дар Конгресс, балки куллан дарёфти роҳи нави кишвари мо. Дар ҳеч ҷои дигар мардуми Амрико ин қадар рӯшан зарурати роҳи навро таъкид накардааст, ки дар ҷанги Ироқ."

Пелоси гуфт, дар ниҳояти кор, ин кори мардуми ироқист, ки ҷомеъаи ором ва боназм бунёд кунанд.
Буш қарор аст, шеваи нави ҳалли мушкилоти Ироқро ҳафтаи оянда эълон кунад. Президент гуфтааст, афзойиши муваққатии нирӯҳои Амрико дар Ироқро низ дар назар дорад, то аз густариши хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқ ҷилавгирӣ шавад. Пелоси, таври маълум, тарафдори бурунрафти нирӯҳои Амрико аз Ироқ аст ва ин бор ҳам назари худро эълом дошт: "Ин масъулияти президент аст, то нақшаи нави марбут ба Ироқро эълон кунад ва ба мардуми Ироқ паёми рӯшан диҳад, ки ҳимояи кӯчаҳо ва таъмини амният бояд кори худи онҳо бошад. Ин нақша бояд эътидолро дар минтақа устувор кунад ва ба мо имкон диҳад, нирӯҳои худро бозпас орем."

Аммо Пелоси таъкид кард, ки бо вуҷуди тафовутҳои сиёсӣ бо президент, аъзои Ҳизби демократ аз нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ мекунанд: "Дар ин маҷлис, мумкин аст мо аз ҳизбҳои гуногун бошем, вале ҳама ба як мамлакат хидмат мекунем. Ва фахру фотеҳаи мо дар паси сари марду зани низомипӯши мо ягона аст."
XS
SM
MD
LG