Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави Амрико дар Ироқ


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ҳафтаи оянда ҷузъиёти барномаи нави марбут ба Ироқро эълон мекунад. Вай гуфт: "Ман тайи ҳафтаи оянда омода хоҳам шуд, барномаеро муаррифӣ кунам, ки ба ироқиҳо дар бунёди кишвари пойдор ва қобили идораву мудофиа кӯмак кунад. Ман ҳанӯз дар ҳоли ҷамъоварии машваратҳоям. Аммо ҳар тасмиме ки гирифта мешавад, як ҳадаф хоҳад дошт, расидан ба мақсад."


Тибқи барномаи нав, эҳтимол меравад, 20 ҳазор сарбози тозанафаси амрикоӣ ба Бағдод ва вилояти Анбар фиристода шаванд. Ҳамзамон Кохи Сафед мехоҳад, бо харҷи миллиардҳо доллари дигар ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар мусоъадат кунад.


Буш ҳамчунин мехоҳад, мудири кашфи миллӣ Ҷон Негропонте, ки нахустин сафири Амрико дар Ироқ буд, ноиби аввали вазири умури хориҷӣ ва сафири феълии Амрико дар Ироқ Залмай Халилзодро намояндаи Иёлоти муттаҳида дар СММ таъин кунад. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин тағйирот иҷрои пешниҳоди гурӯҳи омӯзиши вазъи Ироқ дар корбурди бештари омилҳои дипломатист.
XS
SM
MD
LG