Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфторе андар фавоиди ҳазориспанд


Исфанд, сипанд, ҳазоиспанд - гиёҳи шифобахшест, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон мухталиф ном бурда мешавад.

Бино ба гуфтаи муаррихон, ҳазориспанд ҳанӯз аз даврони қадим ҳамчун як гиёҳи муқаддасу давоӣ ба фарҳанги рӯзгордории мардум ворид гашта будааст ва онро барои дармони дардҳову бемориҳои зиёде истифода мекарданд.

Мегӯянд, ҳатто қабл аз ба майдони набард рафтани паҳлавонон ҳазориспандро дуд дода гирди сари ҷанговарон мегардондаанд. Гаҳвораи кӯдаконро ҳангоми танҳо гузоштан сипанд дуд меандохтанд, то ба тифл деву аҷина ва париҳо зарар нарасонанд.

То кунун ҳазорсипанд дар зиндагии мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосеро дорост. Дар миёни мардуми кӯҳистон нақлу ривоят ва байту мақолҳо дар ситоиши ҳазориспанд вуҷуд дорад.

Ҳазориспанда дуд кардем,
Ҳазор балора дур кардем
Рӯҳу арвоҳа шод кардем
Испанди дода- дона
Дудуш ба гирди хона
Душман шавад девона.
XS
SM
MD
LG