Пайвандҳои дастрасӣ

Муборизаи Фаррух Амонатов барои Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот


Дар ин мусобиқот 16 нафар гроссмейстерҳо ширкат доранд, ки миёни онҳо, ба ҷуз намояндаи Тоҷикистон, шатранҷбозони маъруф, монанди Александр Морозевич, Сергей Рублёвский ва Евгений Бареев, ҳарсе аз Русия, Петер Леко, аз Маҷористон, Василий Иванчук, аз Укроин, Темур Раҷабов, аз Озарбойҷон, Борис Гелфанд, аз Исроил, Алексей Широв, аз Испаниё, Этйен Бакро, аз Фаронса ҳастанд.

Шатранҷбози 29-солаи тоҷик Фаррух Амонатов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:
"Ман дар айни ҳол дар шаҳри Маскав ба сар мебарам ва дар ҳамаи мусобиқоти бузургтарини Русия ҳунарнамоӣ мекунам. Соли 2004 қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Маскав гардида, соли 2005 барандаи медали биринҷии ин мусобиқот шудам. Соли гузашта низ бароям соли бобарор гардид. Аввалин бор ба унвони қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон даст ёфтам. Сипас дар шаҳри Владимири Русия барандаи Фестивали байналмилалии шоҳмот «Vladimir Open-2006» гардидам. Ман умедворам, ки билохира қаҳрамони ҷаҳон мешавам."

Фаррух Амонатов дар аввалин дидори худ рӯзи 6 январ бо шатранҷбози Укроин Василий Иванчук рақобат мекунад.

Нахустин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба шоҳмоти босуръат, ки бо ибтикори Созмони шатранҷбозони ҳирфаӣ ва кӯмаки молиявии бонки «Пивденний» баргузор шудааст, то рӯзи 8 январ идома хоҳад кард. Маблағи умумии ҷавоиз 136 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG