Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои норӯшан ва ё бӯҳрони нави раҳбарӣ дар ҲДТ


Раҳмакарими Давлат Масъуд Собиров раиси барканоршудаи ҷиноҳи сабти ном шудаи ҲДТ мегӯяд, барканории ӯ аз сӯи раёсати ин ҳизб, хилофи оийннома сурат гирифтааст. Масъуд Собиров, ки баъди ду ҳафтаи барканориаш барои аввалин бор ба ин иқдом вокуниш нишон дод, зимни як суҳбати ихтисосӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи ойинномаи ҲДТ раёсати ин ҳизб салоҳияти барканории раисро дар ҳеҷ сурат надорад.

Ба ҷуз аз мавриде, ки худи раиси ҳизб хоҳиши қатъи фаъолиятро дошта бошад ва ариза пешниҳод кунад. Оғои Собиров дар ин робита гуфт: «Раёсат фақат вақте метавонад маро озод кунад, ки агар ман аризаи истеъфо навишта бошам. Ҳоло ман ариза нанавиштаам. Ин салоҳияти анҷуман аст, ки ман мемонам ё меравам.»

Аммо Сайидҷаъфар Исмонов раиси муваққати ҳизби демократии Масъуд Собиров ҳамчунон муътақид аст, ки дар тарзи ихроҷи Собиров ва тайини сарпарасти ҳизб ихтилофе бо ойинномаи ҳизб сар назадааст.


У мегуяд раёсати ҳизб роҳи дигаре ҷуз барканории Собиров ба хотири ҷилавгирӣ аз суқути ҳизб надошт, зеро Собиров ба эътиқоди у аслан фаъолият намекард: «Ин хилофи ойиннома нест. Дар раёсат кворум буд, аз 35 нафар узви раёсат 25 нафар иштирок дошт. Собиров ҳам омад. Вале гуфт, ки раёсат баргузор намешавад. Аъзои раёсат гуфтанд, ки не. Собиров напазируфт ва баромад рафт. Ҳама назарашро гуфт, камбудиҳои Собировро гуфтанд. Дар воқеъ у фаъолият надошт. Одам дар як ҷо метавонад кор кунад. У мудири кафедра ҳаст, кори бисёр дорад, аз ин хотир ба кори ҳизб намерасид. Ба ин сабаб муовини аввалро иҷрокунандаи раиси ҳизб то анҷуман таъин карданд».

Масъуд Собиров аммо ҳамаи ин суханонро баҳона медонад ва рад мекунад ва бовар дорад, ки барканории у ба талошҳои ахираш барои муттаҳид кардани ду ҷиноҳи ҲДТ вобаста мебошад.
Масъуд Собиров гуфт ба манзури ҷустуҷуи механизми идғоми ҳарду ҷиноҳи ҳизб борҳо бо Р. Валиев сарпарасти ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров мулоқот карда буд ва охирин мулоқоти онҳо як руз қабл аз барканории ӯ воқеъ гашта буд.


Ба гуфтаи оғои Собиров онҳо дар музокироти худ тақрибан ба натиҷа даст ёфта буданд. Ман ин суолро аз Раҳматулло Валиев мекунам. У дар воқеъ мавриди музокираро таъйид мекунад: «Ин музокираи мо дар мавриди ёфтани механизми якҷояшавӣ буд. Ман ва Масъуд Собиров фикрҳоямонро гуфтем, ҳатто гуфтаем, шояд як анҷумани якҷоя мегузаронем.Вале ин ки муовинони Собиров уро муттаҳам мекунанд, ки бе ҳамоҳангӣ бо онҳо бо раёсати мо музокира кардааст, нодуруст мебошад. Зеро пеш аз Собиров барои ин масъала назди ман худи Исмонов муовини ӯ омада буд. Бо хоҳиши худаш Масъуд Собировро бошад ман ба мулоқот даъват кардам».

Ба гуфтаи оғои Валиев низ ойинномаи ҲДТ ба раёсат салоҳияти барканории раис ва тайини сарпарасти ҳизбро бидуни хоҳиши раиси амалкунанда намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки С. Исмонов мегуяд, ҷиноҳи дигари ҳизб ҷиноҳи ғайри расмист ва бояд Валиев бо Ниёзов худ биоянд ва ба ҳизби ҷиноҳи расмии сабти номшудаи ҲДТ ҳамроҳ шаванд.


Аммо акнун ин анҷумани ҲДТ-и Масъуд Собиров аст, ки маълум хоҳад кард, кӣ раиси ин ҷиноҳи ҳизб боқӣ мемонад. Анҷумане, ки ба таърихи 14 январ тайин шудааст. Вале дар ҳар сурат ҳам ба назари коршинсони сиёсӣ ин иттифоқи навбатӣ ихтилоф дар дохили Ҳизби демократро амиқтар карда ва гирифтори буҳрони раҳбарӣ будани ин ҳизбро боз ҳам бештар рушан мекунад.
XS
SM
MD
LG