Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили газ: Дар ҷустуҷӯи роҳи ҳал


Ба дунболи имзои созишнома миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар мавриди харидории гази табиӣ, ниҳодҳои зирабти кишвар тарҳи нархнома ва фурӯши газ тавассути ширкати "Тоҷикгаз" ба сокинон ва корхонаҳоро барои баррасӣ ба ҳукумати кишвар ироа кардааст.

Тибқи ахбори расмӣ, ҷониби Узбакистон ҳар ҳазор метрии кубии газро бар ивази 100 доллар ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ хоҳад интиқол дод. Ва нархи фурӯши он дар дохил ҳанӯз таъйин нашудааст. Ва бо он ки аз аввали сол чаҳор рӯз мегузарад, маълум нест, ки сокинон барои истифода аз газ чӣ қимматеро хоҳанд пардохт. Аммо ширкати "Тоҷикгаз" қиммати фурӯши ҳар ҳазор метрии мукааб газро 130 доллар пешниҳод кардааст. Саймуҳаммад Зуҳуриддинов муовини раиси ширкати "Тоҷикгаз" гуфт, то чанд рузи дигар бояд ин масъала ҳалли худро пайдо кунад ва барои истифодаи дохилӣ нархи газ маълум шавад.

Ба гуфтаи муовини раиси ширкати "Тоҷикгаз", интиқоли бидуни вақфаи газ аз Узбакистон ба пардохти бармаҳали ҳаққи истифодаи он вобаста буда ва дар айни ҳол ба гуфтаи масъулин мушкили газ ва ширкати газ ҳамчунон пардохти ҳаққи истифодаи он боқӣ мондааст.

Аммо тавре муовини раиси ширкати "Тоҷикгаз" гуфт, то чанд ҳафтаи дигар пешбинии вазъи ироа ва истифодаи кори мушкил аст, манзур ин аст, ки аксари мардум ё ҳаққи истифодаро пардохт намекунад ва ё имкони пардохти онро надорад. Ба ин тартиб, мардум ва корхонаҳо аз ширкати "Тоҷикгаз" ва дар навбати худ, ин ширкат дар назди "Узтрансгаз" -и Узбакистон қарздор мондааст. Аз ҷониби дигар дар ҳоле, ки масъулин мегуянд гази табиӣ дар хонаводаҳо таъмин аст, бисёре аз сокинон аз камбуди газ шикоят мекунанд.

Аммо масъулини ширкати газ иддао доранд, ки сокинон беш аз меъёр газро истифода мекунанд ва хонаводаҳо масалан агар иборат аз чор нафар бошанд, дар қайди расмӣ як нафари онҳо гузошта шудааст ва пули истифодаи газро танҳо яке аз онҳо пардохт мекунад. Масъулини ширкат мегуянд, дар сурати пардохти ҳаққи газ имкони 24 соат таъмин намудни сокинон бо газ вуҷуд дорад.

Аммо ин ҳама раду бадал дар ҳоле сурат мегирад, ки ба назар мерасад, ҳукумати Тоҷикистон аз тӯлонишудани мушкили газ ва музокираҳо бо Узбакистон хаста шуда ва дар пайи ҷустуҷуи манобеи алтернативи энержӣ уфтодааст.

Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили минтақа мегӯяд, Узбакистон ҳамеша аз газ ба унвони абзори фишори сиёсӣ болои Тоҷикистон истифода кард ва имкон дорад, дар оянда низ ба ин кори худ идома диҳад, аз ин рӯ, ёфтани манобеъи алтернатив амри муҳим аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудири шӯъбаи пажӯҳишгоҳи иқтисодии вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳоди омӯзиши истифодаи ангиштсанг дар корхонаҳои саноатӣ ва иҷоза додан ба ширкати "Газпром" барои кашфу истихроҷи манобеъи газ дар ҷануби Тоҷикистон қобили арзёбист.

Аммо мушкиле ҳам, ки дар ин самт вуҷуд дорад боз ҳам бар сари сармоягузорӣ бар мегардад. Мушкиле, ки Тоҷикистон ба худи худ тавони ҳалли онро надорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG