Пайвандҳои дастрасӣ

М.Собиров барканории худро ғайриқонунӣ меҳисобад


RD

Масъуд Собиров раиси барканоршудаи ҷиноҳи сабти ном шудаи ҲДТ иддаъо дорад,ки, барканории ӯ аз сӯи раёсати ин ҳизб хилофи оийннома сурат гирифтааст.


Масъуд Собиров, ки баъди ду ҳафтаи барканориаш барои аввалин бор ба ин иқдом вокуниш нишон дод, зимни як суҳбати ихтисосӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи ойинномаи ҲДТ раёсати ин ҳизб салоҳияти барканории раисро дар ҳеҷ сурат надорад.


Ба ҷуз аз марвиде, ки худи раиси ҳизб хоҳиши қатъи фаъолиятро дошта бошад ва ариза пешниҳод кунд. Аммо Сайидҷаъфар Исмонов раиси муваққати Ҳизби демократии Масъуд Собиров ҳамчунон мӯътақид аст, ки дар тарзи ихроҷи Собиров ва тайини сарпарасти ҳизб ихтилофе бо ойинномаи ҳизб сар назадааст.


У мегуяд раёсати ҳизб роҳи дигаре ҷуз барканории Собиров ба хотири ҷилавгирӣ аз суқути ҳизб надошт, зеро Собиров ба эътиқоди у аслан фаъолият намекард.


Масъуд Собиров аммо ҳамаи ин суханонро баҳона медонад ва рад мекунад ва бовар дорад, ки барканории у ба талошҳои ахираш барои муттаҳид кардани ду ҷиноҳи ҲДТ вобаста мебошад.


Масъуд Собиров гуфт ба манзури ҷустуҷӯи механизми идғоми ҳарду ҷиноҳи ҳизб борҳо бо Раҳматулло Валиев сарпарасти ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров мулоқот карда буд ва охирин мулоқоти онҳо як руз қабл аз барканории ӯ воқеъ гашта буд.


Ба гуфтаи оғои Собиров онҳо дар музокироти худ тақрибан ба натиҷа даст ёфта буданд. Ба гуфтаи оғои Валиев низ ойинномаи ҲДТ ба раёсат салоҳияти барканории раис ва тайини сарпарасти ҳизбро бидуни хоҳиши раиси амалкунанда намедиҳад.


Ин дар ҳолест, ки Сайидҷаъфар Исмонов мегуяд, ҷиноҳи дигари ҳизб ҷиноҳи ғайри расмист ва бояд Валиев бо Ниёзов худ биоянд ва ба ҳизби ҷиноҳи расмии ба гуфтаи Исмонов ҳамроҳ шаванд.


Аммо акнун ин анҷумани Ҳизби демократи Масъуд Собиров аст, ки маълум хоҳад кард, кӣ раиси ин ҷиноҳи ҳизб боқӣ мемонад. Анҷумане, ки ба таърихи 14 январ таъйин шудааст.


Вале дар ҳар сурат ҳам ба назари коршинсони сиёсӣ ин иттифоқи навбатӣ ихтилоф дар ҲДТ-ро амиқтар карда ва гирифтори буҳрони раҳбарӣ будани ин ҳизбро боз ҳам бештар рушан мекунад.


Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG