Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари муваққати Туркманистон -- тарафдори озодии интернет


Президенти муваққати Туркманистон Қурбонқули Бердимуҳаммадов мегӯяд, агар дар интихоботи президентии 11-уми феврал пирўз шавад, ҳама гуна маҳдудиятҳои истифода аз интернетро бекор мекунад. Вай афзуд, ба корбасти фанновариҳои нав барои рушди миллати худ таваҷҷӯҳи зиёд дода, талош хоҳад кард, ки ҳар шаҳрванди мамлакаташ ба интернет дастрасӣ дошта бошад.


Бердимуҳаммадов инчунин гуфт, барномаи ислоҳоти мактабро, ки таҳсили 10-соларо дар Туркманистон ба 9 сол коҳиш дод ва дастури кам кардани нафақаи бознишастагиро, ки президент Сафармурод Ниёзов ҷорӣ карда буд, бознигарӣ мекунад, аммо ҳамоно нархи ками нон, барқ ва газро нигоҳ медорад.


Ин нуктаҳоро Бердимуҳаммадов дар ҳоле мегуфт, ки корзори таблиғоти интихоботияшро шурӯъ кардааст ва қавитарини шаш номзади президентӣ ба шумор меравад. Вай пас аз марги президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар 21-уми декабри соли гузашта аз тарафи Шӯрои машваратии мардум президенти муваққат интихоб шуд. Ин шӯро ва созмонҳои дигари Туркманистон аз номзадии ӯ дар интихоботи президентӣ пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG