Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай: "Равобити мо бо Покистон сардтар шуд"


Ҳомиди Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон ва Шавкат Азиз - сарвазири Покистон дар Кобул масоил марбут ба амният дар марзҳои ду кишварро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, соли гузашта равобити миёни Афғонистон ва Покистон сардтар шуд. Ба гуфтаи ӯ, Исломобод чун пештара аз гурӯҳҳои зидди ҳукумати Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Ҳомиди Карзай ҳамчунин аз тасмими кишвари ҳамсоя дар робита ба майнкорӣ ва бунёди саддҳо дар бархе аз манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон нигарон аст:

Ин майнгузорӣ ваё сими хордор дар он ҷо кашидан терроризмро банд намекунад, балки ҷудоии мардумро ба вуҷуд меоварад ва Афғонистон шадидан мухолифаш ҳаст

Ва аммо Шавкат Азиз мутмаин аст, ки тасмим дар мавриди саддгузорӣ аз убуру мурури афроди мусаллаҳ дар марз ҷилавгирӣ хоҳад кард:

Мо имкони гуногунро баррасӣ мекунем, аз ҷумла бунёди саддҳо ва майнгузорӣ дар марз ба хотири ҷилавгирӣ аз убуру мурури афродеро, ки пайдо шуданашон дар он сӯи марз мувофиқи матлаб нест. Ба андешаи мо, бо истифодаи ин чора метавонем муваффақ шавем.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ҷунбиши Толибон Мулло Муҳаммад Умар аз худ дарак дод. Дар як паём аз тариқи почтаи электронӣ ба хабаргузории Ройтерс ӯ гуфтааст, ки аз тирамоҳи соли 2001, яъне аз шикасти Толибон дар Афғонистон ба ин сӯ бо сарвари "Ал Қоида" Усома бин Лодин дидору гуфтугӯ надоштааст. Мулло Умар аз Оллоҳ хостори сиҳатии Усома бин Лодин шуд ва бори дигар даъват кард, ки неруҳои хориҷӣ қаламрави Афғонистонро тарк намоянд, дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ, ҷанг дар кишвар идома хоҳад кард.
Паёми Мулло Муҳаммад Умар дар ҳоле пахш шуд, ки мусаллаҳони пуштибон аз Толибон масъулияти инфиҷори як бами рӯи раҳ дар вилояти Урузгонро бар дӯш гирифтанд. Дар ин ҳодиса, ки дирӯз рух дод, панҷ тан аз кормандони амниятии Афғонистон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG