Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши нав байни Беларусу Русия


Шоми чоршанбе 3 январ мақомоти Беларус эълом кард, ки барои ҳар тонна нафти Русия ба маблағи 45 доллар боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, ки бо як лаҳни шадид сӯҳбат мекард, гуфт, Русия бояд аз ин ба баъд пули ҳама ончиро, ки аз Беларус маҷҷонӣ ва ё тақрибан маҷҷонӣ дастрас мекард, бипардозад: «Давлат ва раҳбарии Русия ба мо ваъда дода буд, ки мушкили нафтро дар кишвари мо ҳал мекунад. Мо ҳамаи коре ки онҳо мехостанд, кардем. Ҳоло вақт аст, ки мо бояд аз онҳо ба ваъдаи худ амал карданро талаб кунем. Агар онҳо ин корро накунанд, мо ҳақ дорем, ки мисли онҳо рафтор кунем. Ман дар назар дорам тронзити нафти Русия аз кишвари мо, пули ин тронзит, истифодаи замин ва истифодаи лулаи газу нафтро. Мо ин суолҳоро бояд бо Русия матраҳ кунем.»

Бархе аз коршиносон мегӯянд ки кашмакашҳои лафзӣ миёни Русияву Беларус акнун дар масъалаи нафт шурӯъ шуд. Аммо Сергей Сидорский, нахуствазири Беларус имрӯз гуфт, ки умед дорад масъалаи нафт миёни Минску Маскав то 15 январ ҳал хоҳад шуд. Аммо Александр Лукашенко мегӯяд, Русия намехоҳад бар тааҳҳудоташ амал кунад. Ҳамчунин оқои Лукашенко гуфт, ки дигар дар Беларус ҳеч чизи бепул барои Русия нест. Александр Лукашенко гуфта, ки нафақат масъалаи транзити нафт ва пули иҷораи масири лӯлаҳои нафти Русия, балки маблағи иҷораи қаламрави пойгоҳҳои низомии Русия низ мавриди таҷдиди назар қарор хоҳанд гирифт. Президенти Беларус зимнан мақомоти давлати худро ҳушдор дод, ки дар сурати ба ин дастур амал накардан ба муҷозот мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG